Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз майдони асосии сохтмони ҷумҳурӣ

Президенти Тоҷикистон рӯзи 14 октябр ба майдони сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ташриф оварда, бо рафти корҳо дар иншоот шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ шинос шуд. Маводи хобондашуда дар сарбанд 11,8 млн. метри мукааб, аз ҷумла дар қисми болоии он 8,3 млн. […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон рӯзи 14 октябр ба майдони сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ташриф оварда, бо рафти корҳо дар иншоот шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ шинос шуд. Маводи хобондашуда дар сарбанд 11,8 млн. метри мукааб, аз ҷумла дар қисми болоии он 8,3 млн. метри мукааб ва дар қисми поёнӣ 3, 5 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии корҳои иҷрошаванда дар доираи лоиҳа дар сарбанди НБО “Роғун” 79,4 млн. метри мукааб мебошад. Имрӯз сатҳи обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин нақб соли 2018 оғоз гардида, дарозии иншооти мазкур 1750 метр ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад.

Дар идома сарвари давлат бо  рафти корҳои сохтмон дар иншооти обқабулкунаки доимии неругоҳи “Роғун” шинос шуд.

Ҳамчунин президент бо  ҷараёни корҳо дар нақби  нақлиётии  Т-18,  нақбҳои обрасони агрегатҳо ва  шахтаҳои турбинаҳои  нерӯгоҳ аз наздик шинос шуд.

Баъдан Эмомалӣ Раҳмон аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 боздид кард.

Сипас сарвари давлат ба Толори мошинҳо ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар агрегати рақами 4 шинос шуд.

Баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар НБО “Роғун” Эмомалӣ Раҳмон бо бунёдкорони ин иншооти азими кишвар мулоқот кард.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо бунёдкорони нерӯгоҳ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти нерӯгоҳ, яъне аз соли 2008 то ба ҳол ба ин корҳо 25 млрд 340 млн сомонӣ маблағ равона гардидааст. Танҳо дар соли 2020 барои сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлат равона гардидани қариб 3 млрд сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.