КМИР натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентиро эълон кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии маъракаи интихоботи президентиро, ки санаи 11 октябр баргузор шуд, эълон кард. Тибқи маълумоти КМИР, ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 90,92% интихобкунандагон ё худ 3 млн 853 ҳазору 987 нафар овоз додаанд. Овозҳои боқимондаи “тарафдор” байни дигар номзадҳо тариқи зайл тақсим шуд: Мироҷ Абдуллоев – 1,17% (49 535 […]

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии маъракаи интихоботи президентиро, ки санаи 11 октябр баргузор шуд, эълон кард.

Тибқи маълумоти КМИР, ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 90,92% интихобкунандагон ё худ 3 млн 853 ҳазору 987 нафар овоз додаанд. Овозҳои боқимондаи “тарафдор” байни дигар номзадҳо тариқи зайл тақсим шуд:

Мироҷ Абдуллоев – 1,17% (49 535 нафар);

Абдуҳалим Ғаффорзода – 1,49% (63 082 нафар);

Рустам Раҳматзода – 2,14% (90 918 нафар);

Рустам Латифзода – 3,02% (128 182 нафар).

Дар қарори КМИР қайд мешавад, ки интихобот бо иштироки 4 млн 238 ҳазору 839 интихобкунанда, ки 85,44% шумораи умумии интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилкардашударо ташкил медиҳад, баргузоршуда дониста шавад.

“Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаи ниҳоии интихобот бо гирифтани 3 млн 853 ҳазору 987 овози интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокнамуда, ки 90,92%-ро ташкил медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида шавад. Ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад”, – гуфта мешавад дар қарори КМИР.

То охири моҳи октябр баъди маросими расман сари мансаб омадани президенти тозаинтихоби кишвар, мувофиқи меъёрҳои қонуни конститусионии Тоҷикистон “Дар бораи ҳукумат”ҳайати ҳукумати кунунӣ пурра ба истеъфо меравад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз сарвазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон президент ҳамзамон раиси ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.