Бозёфти нигораи асри санг дар Панҷакент: хирси сангӣ

Облоқул Мирзоев, як коршиноси риштаи таърих хирсаки сангие пайдо кардааст, ки мегӯяд ин як бозёфти нодир буда ба тамаддуни асри санг тааллуқ дорад. Мирзоев ин нигораро аз деҳаи Рӯдаки ҷамоати Шинги Панҷакент ёфтааст, ки гуфта мешавад мансуб ба ҳазораҳои IV-VI милодӣ таъаллуқ дорад. Ин таърихдон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки нигораро ҳангоми сафар ба […]

Облоқул Мирзоев, як коршиноси риштаи таърих хирсаки сангие пайдо кардааст, ки мегӯяд ин як бозёфти нодир буда ба тамаддуни асри санг тааллуқ дорад.

Мирзоев ин нигораро аз деҳаи Рӯдаки ҷамоати Шинги Панҷакент ёфтааст, ки гуфта мешавад мансуб ба ҳазораҳои IV-VI милодӣ таъаллуқ дорад.

Ин таърихдон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки нигораро ҳангоми сафар ба деҳаи Рӯдак аз зери хок дарёфтааст:

”Хирсак аз санги сурхчаи наонқадар мулоим сохта шудааст. Онро бо санги дигар тарошидан мумкин аст. Ба фикри ман ин бозёфтро тариқи санг тарошидаанд. Дар даври санг чунин корҳо буд ва шакли сохти хирсаки сангӣ ҳам бозгӯи маданияти даври палеолит аст”.

Шариф Қурбонов, бостоншиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки аз бозёфти ин хирсаки сангӣ огоҳ аст ва онро бозёфти нодир номид. Ӯ гуфт, пас аз ин бозёфт гурӯҳи бостоншиносон тасмим доранд дар деҳаи Рӯдак корҳои таҳқиқотиеро анҷом диҳанд. Бостоншинос мегӯяд, тахмин меравад, ки ин бозёфт ба замони асри сангу мис таъалуқ дошта, ба ҳазораи 6-4 пеш аз милод мансуб бошад.

“Мардум он замон дар минтақаҳои кӯҳӣ бо шикор ва дигар корҳо машғул буданд, баъд ба чизҳои табиат саҷда меоварданд. Аз ҷумла ба  хирс, арча ва дигар. Яъне мо чунин меҳисобем, ки ин хирси сангӣ барои онҳо ҳамчун нигаҳдорандаи қавму қабила бошад, ки онро сохта саҷда мекарданд. Яъне эҳтимол меравад, ки дар макони пайдоиши хирси сангин 1000-1500 сол пеш аз Саразм одамон зиндагӣ кардаанд. Агар Саразм ба даври эниолит марбут бошад, хирсча бозгӯи асри санг яъне даври неолит аст, ки гузариш ба даври эниолит мебошад”,-мегӯяд бостоншинос.

Ба гуфтаи бостоншиносон солҳои 1982-1983 гурӯҳе аз бостоншиносон дар деҳаи Рӯдак таҳқиқоти ҳафриётиеро аз замони асри санг то асрҳои миёна анҷом дода буданд, ки чунин бозёфтҳо дарёфт нашуда буданд. Ҳамакнун бостоншиносон тасмим доранд барои дарёфти ҳафриёти дигар ба ин ҷой сафар куненд.

Сокинони ҷамоати Шинг мегӯянд онҳо бозёфтҳои зиёдро то ба имрӯз дар осорхонаи ин ҷамоат маъфуз нигоҳ медоранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.