Манбаъ: “Сомон Эйр”то кунун иҷозаи парвоз ба Чинро надорад

Билетҳо ба хатсайри ҳавоии Душанбе – Урумчӣ – Душанбе (Чин) аллакай дар фурӯшанд, мегӯянд дар Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ. Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаҳои фурӯш билет нест, чунки хатсайр ҳам нест. “Билетҳо ба хатсайри Душанбе – Урумчӣ аллакай дар фурӯш аст. Вобаста ба шумори мусофирон хатсайрҳои мустақим дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкати […]

Билетҳо ба хатсайри ҳавоии Душанбе – Урумчӣ – Душанбе (Чин) аллакай дар фурӯшанд, мегӯянд дар Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ. Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаҳои фурӯш билет нест, чунки хатсайр ҳам нест.

“Билетҳо ба хатсайри Душанбе – Урумчӣ аллакай дар фурӯш аст. Вобаста ба шумори мусофирон хатсайрҳои мустақим дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкати тоҷикистонии Somon Air ва ширкати China Southern Airlines-и Чин анҷом дода мешаванд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентии авиатсияи грждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.

Дар ҳамин ҳол, Икромзода дар бораи рӯзи парвози нахустин тариқи ин хатсайр маълумоти саҳеҳ надод.

Як манбаи муътамади “Азия-Плюс”, ки ба ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонӣ робитаи наздик дорад, изҳор дошт, ки “Сомон Эйр” то ҳол барои анҷоми парвоз аз мақомоти авиатсионии Чин иҷоза дастрас накардааст.

“Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷоми парвоз тариқи хатсайри Душанбе – Урумчиро охири моҳи октябр ба нақша гирифта, лекин аз ҳукумати Чин то ҳол иҷоза нагирифтааст. Аз ин рӯ, дар нуқтаҳо алҳол билет фурӯхта намешавад”, – қайд кард манбаъ.

Хабарнигори “Азия-Плюс” ҷиҳати дарёфти билет ба Урумчӣ ба ҳамаи нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ занг зад, лекин дар ҳеҷ кадоме аз онҳо билет дарёфт нашуд.

“Алҳол ба ин самт билет нест.. Мо огаҳем, ки парвозҳо бо ин хатсайр барқарор шудаанд, лекин ягон хатсайр нест, умедворем, ки то охири моҳ хатсайрҳо муайян мешаванд”, – гуфтанд дар яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ.

Аввали моҳи октябр Икром Субҳонзода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки пас аз танаффуси ҳафтмоҳа Тоҷикистону Чин парвозҳои мустақимро тариқи хатсайри Душанбе – Урумчӣ барқарор намуда, парвози аввалин нимаи моҳ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо COVID-19 гирифта шуда, зимни парвоз бояд ҳамаи меъёрҳои санитарӣ-гигенӣ риоя шаванд.

Мусофирон бо худ бояд маълумотнома дар бораи сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то вуруд шуданашон дода шуда бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.