Беморхонаи сироятии “Зарафшон” махсуси COVID-19 шуд. Истиқлол дарҳояшро баст

Беморхонаи сироятии Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, пас аз таъмири асосӣ махсуси беморони COVID-19  шуд. Пас аз ин, Беморхонаи клиникавии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, воқеъ дар паси беморхонаи  “Истиқлол” қабули беморони гирифтори коронавирусро қатъ мекунад.  Як масъули Вазорати тандурустӣ  ба “Азия-Плюс”  гуфт, ки Беморхонаи бемориҳои сироятии Зарафшон чанд рӯз аст, ки ба қабули […]

Беморхонаи сироятии Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, пас аз таъмири асосӣ махсуси беморони COVID-19  шуд.

Пас аз ин, Беморхонаи клиникавии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, воқеъ дар паси беморхонаи  “Истиқлол” қабули беморони гирифтори коронавирусро қатъ мекунад. 

Як масъули Вазорати тандурустӣ  ба “Азия-Плюс”  гуфт, ки Беморхонаи бемориҳои сироятии Зарафшон чанд рӯз аст, ки ба қабули беморон оғоз кардааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ин бемористон таъмири асосӣ ва бо таҳҷизоти навтарин таъмин гардидааст. Ин бемористон аз 14 – уми октябр қабули беморони машкук ба коронавирусро оғоз кардааст, аммо шумораи дақиқи беморон, ки феълан беморхонаи мазкур бистарӣ шудаанд, маълум нест.

“Шумораи бемороне, ки дар шаш рӯзи фаъолияти беморхона баъди таъмир бистарӣ шудаанд дақиқ нест, чун ҳоло аз ҷониби кормандони беморхона омори онҳо ба вазорат пешниҳод нашудааст. Вале муроҷиати беморон зиёд нест”, – мегӯяд манбаъи “Азия-Плюс”.

Аз Вазорати тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ки Беморхонаи сироятии кӯдакона низ то табобат ва ҷавоб додани охирин бемори худ дигар беморонро қабул намекунад: “Ва дар назар аст, ки беморхона баъди рухсатӣ шудани беморон ба ҳолати муқарарӣ баргардад. Ва шахсони гумонбар ба сирояти коронавирус дигар дар беморхонаи сироятии Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон аз ташхис гузашта, бистарӣ мегарданд”.

Сардухтури беморхона Хуршед Ҳабибов рӯзи 26-уми август ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки беморхона дар як вақт тавони ба мулоиҷа фаро гирифтани 390 нафарро дорад. Вале бо сабаби таъмирталаб шудани беморхона корҳои таъмириро оғоз намуданд.  

 “Бо сабаби ҳолати хеле бади бино ва зерсохтори беморхона, зарурат пеш омад, ки ба корҳои таъмир оғоз кунем, зеро қубурҳои обрасон хеле куҳнаву фарсуда гардида аз онҳо ба девору фарш об ҷорӣ мешуд. Аз ин рӯ, дигар беморонро қабул карда наметавонистем”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мешавем, ки то шоми 19 октябр шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, 10 ҳазору 533 нафарро ташкил дода, шумораи фавтидагон аз аввали пандемия то дирӯз ин рақам 80 нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.