Дар Хуҷанд ба далели коронавирус “дискотекаҳо”-ро бастанд

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дари марказҳои дилхушӣ ё ба истилоҳ “дискотекаҳо”-ро баста шуд. Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, ин кор бо дастури сардухтури беҳдоштии шаҳр сурат гирифтааст. Сардухтури беҳдоштии Хуҷанд Таҳмина Усмонова дастур додааст, ки дари бархе аз марказҳои дилхушӣ, аз ҷумла  «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» баста шавад. Сухангӯйи шаҳрдории Хуҷанд Маъмури […]

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дари марказҳои дилхушӣ ё ба истилоҳ “дискотекаҳо”-ро баста шуд. Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, ин кор бо дастури сардухтури беҳдоштии шаҳр сурат гирифтааст.

Сардухтури беҳдоштии Хуҷанд Таҳмина Усмонова дастур додааст, ки дари бархе аз марказҳои дилхушӣ, аз ҷумла  «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» баста шавад.

Сухангӯйи шаҳрдории Хуҷанд Маъмури Юсуфзод мегӯяд, ки “ин иқдом баъди хулосаи маводи муоина, санҷиш, мониторинги марказҳои дилхушӣ гирифта шуд ва таъкид шудааст, ки масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд”.

Маркази назорати давлатии беҳдоштии шаҳри Хуҷанд фаъолияти чунин марказҳои дилхуширо дар шароити феълӣ барои саломатии шаҳрвандон хатарнок арзёбӣ намудааст.

Бастани марказҳои дилхушӣ дар Хуҷанд дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш раиси шаҳри Хуҷанд аз ташившовар шудани вазъи эпидемологии шаҳр бар пайи коронавирус изҳои нигаронии шадид карда буд.

Дар қарори манъ кардани марказҳои дилхушӣ ҳам гуфта шудааст, ки “баъди ба эътидол омдани вазъи эпидемологӣ ва риояи тавсияҳои Маркази беҳдоштӣ”, марказҳои дилхушӣ метавонанд “ба фаъолияти хеш идома бахшанд”.

Сухангӯйи шаҳрдории Хуҷанд бастани дари марказҳои дилхушири ҳосили кори натиҷагирӣ аз  “фаъолияти 9 моҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд” ва дастури раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода номидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/sports/20201022/covid-19-naguzosht-somonu-komronsho-dar-grand-slami-budapesht-unarozmo-kunand

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.