COVID 19 нагузошт Сомону Комроншоҳ дар Гранд Слами Будапешт ҳунарозмоӣ кунанд

Asai-Plus

Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳ Устопириён ду ҷудокори варзидаи тоҷик, ки қарор буд дар Гарнд Слам ё Тоскулоҳи Бузурги Будапешти Маҷористон ширкат кунанд, аз ҳаққи иштирок дар сабқатҳо маҳрум шуданд. Сомон Маҳмадбеков, ки ҳоло дар Будапешт қарор дорад, ба далели ин ки тести коронавируси мураббии ҷопонияш натиҷаи мусбат додааст, аз ҳаққи ҳунарнамоӣ маҳрум карда шудааст.  

Яке аз мураббиёни Сомон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “ҳарчанд тести худи Сомон натиҷааш манфӣ буд, аммо ба далели ин ки тести мураббии ҷопонияш натиҷаи мусбат дод, Сомонро ҳам аз сабқат маҳрум карданд”. Ба гуфтаи ин мураббӣ, Сомон ва мураббии ҷопонияш қабл аз сафар тест супурда буданд, ки натиҷаи манфӣ дода буд, вале тести дубораи мураббияш натиҷаи мусбат додааст.

Комроншоҳ Устопириён, ҷудокори дигари тоҷик ба далели мушкилоти марбут ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 натавонист ба Будапешт бирасад. Ҳоло Комроншоҳ дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб қарор дорад ва фардо қарор аст, дубора ба Тоҷикистон баргардад.

Ба гуфтаи худи Комроншоҳ, мувофиқи қоидаҳои беҳдоштии Маҷористон ва Иттиҳодия Аврупо дар давраи ҳамагирӣ варзишкорон  барои роҳ ёфтан ба ин сабқати варзишӣ танҳо бояд як миёнпарвоз (пересадка) дошта бошанду халос. Аммо Комроншоҳ  мегӯяд, ки то расидан ба Будапешт аз Душанбе аввал ба Дубай, аз он ҷо ба Амстердам ва сипас бояд ба Будапешт мерасид, ки ин хилофи қоидаҳои беҳдоштӣ будааст, ки ӯро дар Дубай аз идомаи сафар маҳрум кардаанд.

Ба суоли ин ки оё варзишгар то сафар ба Дубай ин қоидаҳоро намедонист, Комроншоҳ дар як суҳбати катбӣ гуфт, ки “ин ҷо иштибоҳи ширкати билетфурӯшӣ шудааст, ки қоидаҳои сафар дар қаламрави Иттиҳодия Урупо дар давраи ҳамагирии коронавирусро дуруст намедонистааст”.

Аз ибтидо қарор буд дар Гранд Слами Бедапешт, ки 23-25 октябр баргузор мешавад, панҷ ҷудокори тоҷик ширкат кунанд. Аммо баъдан ба далелҳои мушкилоти сафар, Шакармамад Мирмамадов, Темур Раҳимов ва Акмал Муродов қабл аз сафари ҳайати Тоҷикистон ба Будапешт аз ҳаққи иштирок дар ин сабқат маҳрум шуда буданд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90  бояд дар ин сабқати ҷудокорон, ки баъди ҳамагирии коронавирус нахустин мусобиқаи ҷаҳоние буд, ки таҳти сарпарастии IJF (Федератсияи ҷаҳонии ҷудо) баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ мекарданд ва имтиёзҳои олимпӣ ба даст меоварданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...