Сафорати Олмон Барномаи грантҳои хурдро эълон кард

Ҳамасола Сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Душанбе дар доираи Барномаи рушди худ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии як қатор лоиҳаҳо, ёрии молиявӣ мерасонад. Яке аз ташаббусҳои пурсамари Сафорати Олмон дар Душанбе Барномаи Грантҳои хурд мебошад. Дар давоми панҷ соли охир, бо шарофати ин барномаи сафорат 85 лоиҳаи хурд дар қаламрави Тоҷикистон иҷроӣ ва пуштибонӣ […]

Ҳамасола Сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Душанбе дар доираи Барномаи рушди худ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии як қатор лоиҳаҳо, ёрии молиявӣ мерасонад.

Яке аз ташаббусҳои пурсамари Сафорати Олмон дар Душанбе Барномаи Грантҳои хурд мебошад. Дар давоми панҷ соли охир, бо шарофати ин барномаи сафорат 85 лоиҳаи хурд дар қаламрави Тоҷикистон иҷроӣ ва пуштибонӣ шудаанд.  Ҳаҷм ва гуруҳи мавриди ҳадафи ёрии молиявӣ ҳарчанд фарқ кунанд ҳам, ҳадафи асосии лоиҳаҳои мазкур ё грантҳои хурд – ин “фароҳам кардани имкониат ба мардум аст, то онҳо битавонанд ба худашон кӯмак намоянд” ва эҷод ё беҳбуд бахшидани механизмҳо (созукорҳо)-е, ки дар дарозмуддат ба беҳтар шудани шароити зиндагӣ мусоидат мекунанд.

 Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Барномаи грантҳои хурди Сафорати Олмон пуштибонӣ карда шудаанд инҳоянд: таъмири пулҳо барои беҳтар намудани дастрасӣ ба роҳҳои асосӣ, насби  трансформаторҳои барқӣ ва системаҳои таъмини об, сохтмони иншооти варзишӣ барои кӯдакон, шинонидани дарахту ниҳолҳои мевадор ва ороишӣ дар боғҳои мактаб, таҷҳизонидани китобхонаҳои мактаб ва тимсоли инҳо. Агар аз чанде аз лоиҳаҳо ном бибарем, ба назар мерасад, ки раванди пуштибонӣ аз мактабҳо ва таҳсилоти касбӣ бештар аст.

Сафорати Олмон дар Душанбе бар ин назар аст, ки роҳи муассиртари беҳбуд бахшдани шароити зиндагӣ дар дарозмуддат – ин таҳсилоти босифат аст. Ба ин метавон ба василаи дастрасӣ ба оби тозаву ҳоҷатхонаҳои мутобиқ ба меъёрҳо дар мактабҳо ва тавассути огаҳ кардан аз қоидаҳои беҳдошту муҳити атроф даст ёфт. Ҳамчунин  аз тариқи синфхонаҳои дарсии муҷаҳҳаз, низоми дақиқ коркардшудаи аз рӯйи тахассусҳо омода кардани мутахассион, ки битавонад барои соҳиби кор шудани таълимгирандагон имкониати воқеӣ пешбинӣ кунад. 

 “Ҳарчанд ин “Барномаи грантҳои хурд” номгузорӣ шудааст, вале мо ба манзараи васеътар назар мекунем”, – мегӯяд яке аз намояндаҳои Сафорати Олмон дар Душанбе. «Барои мо муҳим аст бидонем, ки магар ин лоиҳаои “якрӯза” нест, ки дар қадами аввал хуб ба назар мерасаду аммо баъд аз он ки Сафорат “аз саҳна берун меравад” наметавонад мустақилона амал кунаду устувор бошад”. Мардум бояд бо ин лоиҳаҳои роҳат бошанд, тарҳҳоро бояд ҳамчун беҳбудӣ баррасӣ кунанд, на ҳамчун коре, ки тавассути хайрхоҳии хориҷиҳо таҳмил шудааст. Мо дархостҳои зиёде барои лоиҳаҳо дарёфт мекунем, ки хеле олӣ ба назар мерасанд, вале ҳадафҳои рушди дарозмуддат надоранд. Ҳамеша ҷанбаҳои гуногун, аз қабили анъанаҳо, шеваи зиндагӣ ва зерсохтҳоро бояд дар назар гирифт”   

Оё шумо идея барои тарҳеро доред? Аз 15 январ то 31 марти 2021, Сафорати Олмон дархостҳо барои иҷроӣ кардани лоиҳаҳои хурдро мепазирад. Ба меъёрҳои интихоби лоиҳа ва шартҳои супурдани дархост, мешавад дар торнамои Сафорат, дар бахши “Ҳамкорӣ дар соҳаи рушд” (Темы – Сотрудничество в области развития) шинос шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.