Натиҷаҳои нахустини барӯйхатгирии аҳолӣ оғози соли 2021 эълон мешаванд

Натиҷаҳои пешакии барӯйхтагирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябр баргузор гардид, семоҳаи аввали соли 2021 дастраси ҳамагон мешаванд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. “Маълумот дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил давра ба давра, шурӯъ аз семоҳаи якуми соли 2021 пешниҳод гардида, маълумоти охир соли 2023 омода […]

Натиҷаҳои пешакии барӯйхтагирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябр баргузор гардид, семоҳаи аввали соли 2021 дастраси ҳамагон мешаванд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

“Маълумот дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил давра ба давра, шурӯъ аз семоҳаи якуми соли 2021 пешниҳод гардида, маълумоти охир соли 2023 омода мешавад. Натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил тахминан дар 10 ҷилд нашр хоҳад шуд”, – омадааст дар хабар.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон имсол аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода шуд.

Яъне зимни гаштан хона ба хона барӯйхатгирандагон дар баробари истифодаи шакли коғазӣ, планшетҳоро бо таъминоти махсуси барномавӣ низ истифода бурданд. Ҳамчунин маълумоти зарурӣ тариқи интернет гирифта шуд.

Давоми давраи соҳибистиқлолии кишвар маъракаи барӯйхтагирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон ду маротиба – солҳои 2000 ва 2010 гузаронида шуданд.

Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон бори охир соли 2010 доир гардид. То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар бештар аст.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 9 млн 452 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.

Дар назар аст, ки  аввали соли оянда шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ ба 9 млн 688 ҳазор нафар мерасад. Афзоиши шумори аҳолӣ 2,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.