Фавти мардон дар Хатлон зиёд шудааст. Бештар дар Кӯлобу Восеъ

Омори сабти мавридҳои марг дар вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки дар нуҳ моҳи сипаригардида мардон дар қиёс ба занҳо бештар фавтидаанд. Тавре як манбаъ аз Шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии вилояти Хатлон хабар дод, дар 9 моҳи соли равон дар вилоят 10 ҳазору 277 нафар фавтидаанд. Дар  ҳамин давраи соли 2019 дар вилоят 8 ҳазору 535 нафар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Омори сабти мавридҳои марг дар вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки дар нуҳ моҳи сипаригардида мардон дар қиёс ба занҳо бештар фавтидаанд.

Тавре як манбаъ аз Шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии вилояти Хатлон хабар дод, дар 9 моҳи соли равон дар вилоят 10 ҳазору 277 нафар фавтидаанд. Дар  ҳамин давраи соли 2019 дар вилоят 8 ҳазору 535 нафар фавтида будаанд. Имсол мавридҳои марг дар қиёс ба 9 моҳи соли 2019  1 ҳазору 742 ҳолат зиёд шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷамъи умумии фавтидаҳо 5 ҳазору 524 нафарашро мардон ва 4 ҳазору 753 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Яъне 771 ҳолати фавти мардон нисбат ба занон зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Ба гуфти ин манбаъ аз ҳама зиёд ҳолатҳои марг дар шаҳри Кӯлоб 973 ҳолат, Восеъ 771 ҳолат, Кӯшониён 698, Ёвон 690 ва Қубодиён 622 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.