Tcell Business Academy шарики расмии конфронси T&DFEST “Upgrade омӯзиши корпоративӣ” дар Тоҷикистон

Оператори навовар ва пешсафи кишвар – ширкати Tcell ҳамчун анъана шарики кишварии конфронси T&DFEST дар бахши идоракунии кадрҳо, таълим ва тавсеа шудааст. Tcell аз ҳамаи хоҳишмандон даъват менамояд, ки ба ин чорабинии байналмилалӣ комилан ройгон ҳамроҳ шаванд! Конфронси байналмилалии T&DFEST ҳамоиши тахассусӣ-соҳавӣ дар бахши идораи кадрҳо, омӯзиш ва рушд мебошад. Имсол ин конфронс рӯзҳои 5-6 […]

Оператори навовар ва пешсафи кишвар – ширкати Tcell ҳамчун анъана шарики кишварии конфронси T&DFEST дар бахши идоракунии кадрҳо, таълим ва тавсеа шудааст. Tcell аз ҳамаи хоҳишмандон даъват менамояд, ки ба ин чорабинии байналмилалӣ комилан ройгон ҳамроҳ шаванд!

Конфронси байналмилалии T&DFEST ҳамоиши тахассусӣ-соҳавӣ дар бахши идораи кадрҳо, омӯзиш ва рушд мебошад. Имсол ин конфронс рӯзҳои 5-6 ноябр  ба таври онлайн баргузор гардида, ба мавзӯи "Upgrade таълими корпоративӣ" бахшида мешавад.

Tcell роҳбарон ва менеҷерони ширкатҳо, мутахассисони бахши кадрҳо, намояндагони шӯъбаҳои омӯзиш ва такмили ихтисос, мураббиён, масъулини барномаҳои таълимӣ ва муаллимон, инчунин онҳоеро, ки барояшон рушди инфиродӣ ва касбӣ муҳим аст, даъват менамояд, ки ба ҳамоиш бипайванданд.

Иштирок дар конфронс комилан ройгон буда, сабти ном тавассути пайванди зер: http://trainfest.kz мумкин аст.

Мавзӯи " Upgrade омӯзиши корпоративӣ" бо чанд сабаб интихоб шудааст. Соли 2020 барои ҳама соли осон набуд. Корхонаҳо, тиҷорат, равандҳо, одамон ва умуман фаъолияти корӣ ба гунаи нав ҷараён гирифт. Тағйирот ба ҳама бахшҳо  таъсир расонд. Тиҷорат қариб пурра ба диҷитол (рақамӣ) майл кард. ҲАМА чиз таҷдид мешавад: сохтору равандҳо, равобит ва муносибатҳо. Ҳоло зарурати тағйир, навсозӣ ва беҳсозӣ ба вуҷуд омадааст. 

Ин бори аввал нест, ки Tcell Business Academy дар ин конфронс ширкат мекунад. Имсол дар баробари коршиносони байналмилалӣ дар бахши омӯзишу таълим ва такмили кадрҳо, роҳбари Академияи тиҷорати Tcell Элдар Аблаев низ дар конфронс суханронӣ хоҳад карда, бо иштирокчиён васоити амалӣ ва таҷоруби Tcell -ро мубодила менамояд.

 _________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.