Ихтиёриёни тоҷик ҳам аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода мебаранд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”-ро тасдиқ намуданд, ки дар он ба ихтиёриён (волонтёрҳо, ризокорон) равуои ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, барои ин ба ихтиёриён лозим аст, ки танҳо шаҳодатномаи худро пешниҳод намоянд. Тартиби рӯйпӯш кардани хароҷоти марбут ба он бо санадҳои ҷудогонаи […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”-ро тасдиқ намуданд, ки дар он ба ихтиёриён (волонтёрҳо, ризокорон) равуои ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, барои ин ба ихтиёриён лозим аст, ки танҳо шаҳодатномаи худро пешниҳод намоянд.

Тартиби рӯйпӯш кардани хароҷоти марбут ба он бо санадҳои ҷудогонаи зерқонунии ҳукумати ҷумҳурӣ муайян карда мешавад.

Мувофиқи қонуни дар боло зикршуда, волонтёр – шахси воқеие шуморида мешавад, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд.

Ташкилоти ҷалбкунанда уҳдадор аст бо волонтёр шартнома оид ба фаъолияти волонтёриро банданд, агар ӯна кам аз 20 соат дар як моҳ ба фаъолияти волонтёрӣ машғул бошад.

Шартнома оид ба фаъолияти волонтёрӣ мумкин аст бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон бо шахсони ба синни 16 расида низ баста шавад.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ шакл ва намунаи дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёриро тасдиқ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.