Руҳонии тоҷик: мусулмон метавонад ба зани ғайримусалмон издивоҷ кунад

Домулло Маҳмуд Сангалиев, сармутахассиси шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дини ислом никоҳи мардони мусалмон бо заноини ғайримусалмони аҳли китобро ҷоиз медонад. Ин изҳори назари Маҳмуд Сангалиев дар ҳолест, ки ахиран Идораи диннии мусалмонони Русия фатвое содир кард, ки "никоҳ бо намояндагони маҳзабҳо, аз ҷумла пайравони мазҳаби Китобҳои муқаддас (насрониҳо, яҳудиҳо – ИФ) дар қаламрави […]

Домулло Маҳмуд Сангалиев, сармутахассиси шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дини ислом никоҳи мардони мусалмон бо заноини ғайримусалмони аҳли китобро ҷоиз медонад.

Ин изҳори назари Маҳмуд Сангалиев дар ҳолест, ки ахиран Идораи диннии мусалмонони Русия фатвое содир кард, ки "никоҳ бо намояндагони маҳзабҳо, аз ҷумла пайравони мазҳаби Китобҳои муқаддас (насрониҳо, яҳудиҳо – ИФ) дар қаламрави Русия нораво буда, танҳо дар мавридҳои муайяну хос бо қарори муфтии маҳаллӣ имконпазир аст, ки ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи мушаххаси мазкурро баррасӣ ва ба инобат мегирад”, – гуфта мешавад дар фатвое, ки рӯзи сешанбе дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст.

Аммо Маҳмуд Сангалиев мегӯяд, ки аз назари дини ислом издивоҷ ё никоҳи марди мусалмон бо зани мусалмони аҳли китоб раво аст ва ин як масъали қуръонист.

"Дар дини мо забиҳа ва никоҳ бо аҳли китоб ҷоиз аст, ки асл дар Қуръон дорад. Забиҳа, яъне ҳар он чи аҳли китоб забҳ мекунад, мекушад хӯрданаш барои мусалмон ҷоиз аст ва никоҳи марди мусалмон бо зани ғайримусалмони аҳли китоб ҳам ҳамчунин". 

Дар дини ислом аҳли китоб онҳоеро мегӯянд, ки ба пайғамбари онҳо китоби осмонӣ нозил шудааст. Пайравони паёмбароне чун Довуд, Мӯсо ва Исо аҳли китоб дониста мешаванд. 

Ин руҳонии тоҷик мегӯяд, ки танҳо дар замони хилофати Ҳазрати Умар бо иттифоқи саҳобаҳо амр бар ин шуд, ки зани мусалмон наметавонад бо марди ғайри мусалмони аҳли китоб ақди никоҳ бубандад. Вале никоҳи марди мусалмон бо зани ғайримусалмони аҳли китоб аз назари дини мо, хусусан мазҳаби мо – ҳанафӣ, фиқҳи Имоми Аъзам мушкиле надорад. Ҳатто дигар мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат бо ин мушкиле надоранд, зеро ин як масъалаи иттифоқӣ аст,-мегӯяд Маҳмуд Сангалиев.

Раёсати диннии мусалмонони Русия дар фатвои содиркадаи худ шартҳои хосеро барои ҷоиз будани никоҳи мардони мусалмон бо занони ғайримусалмони аҳли китоб дар назар гирифтаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.