Зиёрати мақбараи Ленин дар Маскав манъ карда шуд

Дар Русия сар аз имрӯз боздид аз мақбара (мавзолей)-и Ленин дар Маскав ба далели паҳншавии коронавирус манъ карда шуд. Хадамоти федеролии нигаҳбонии Русия иттилоъ додааст, ки “аз 17 ноябри соли 2020 бар асари вазъи  шадиди беҳдоштӣ боздид аз Мақбараи Ленин маваққатан  манъ карда мешавад”. Пештар аз ин вазири фарҳанги Русия Олга Любимова фармоне содир карда буд, […]

Дар Русия сар аз имрӯз боздид аз мақбара (мавзолей)-и Ленин дар Маскав ба далели паҳншавии коронавирус манъ карда шуд.

Хадамоти федеролии нигаҳбонии Русия иттилоъ додааст, ки “аз 17 ноябри соли 2020 бар асари вазъи  шадиди беҳдоштӣ боздид аз Мақбараи Ленин маваққатан  манъ карда мешавад”.

Пештар аз ин вазири фарҳанги Русия Олга Любимова фармоне содир карда буд, ки тибқи он осорхонаҳои федеролӣ, осорхона-мамнуъгоҳҳо ва созмонҳое, ки фаъолияти намоишдиҳӣ доранд, бояд кори худро аз 16 ноябр то 15 январи соли 2021 қатъ кунанд.

Мақбараи Ленин ормгоҳи ёдгории бунёдгузори давлати Шӯравӣ дар Майдони сурхи Девораҳои Кремлини Маскав аст, ки дар он аз соли 1924 ба ин сӯ пайкари Владимир Ленин дар як тобути шафоф нигаҳдорӣ мешавад ва яке аз ҷойҳои зиёративу серодами Маскав дониста мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.