Ғорати дорухонаи «Мададформ» дар Душанбе

Сокини 27-солаи шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар ғорати «Мададформ»-и пойтахт боздошт гардид. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аз ҷониби соҳибкори 35-солаи сокини пойтахт ариза ворид гардидааст. Гуфта мешавад, ки санаи 14-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дорухонаи «Мададформ», воқеъ […]

Сокини 27-солаи шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар ғорати «Мададформ»-и пойтахт боздошт гардид.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аз ҷониби соҳибкори 35-солаи сокини пойтахт ариза ворид гардидааст. Гуфта мешавад, ки санаи 14-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дорухонаи «Мададформ», воқеъ дар кӯчаи А.Навоӣ даромада, аз он ҷо дорувории тамғаҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини кӯчаи Р.Ҷалили шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 (Қаллобӣ ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.