Ҷаримаҳо зиёд мешаванд. Нишондиҳандаи ҳисобҳо 60 сомон шуд

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз соли ояндаи 2021 аз 58 то 60 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021, ки рӯзи 18 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, маълумот дода мешавад. Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таваррум, ки дар соли дахлдор пешгӯйӣ […]

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз соли ояндаи 2021 аз 58 то 60 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021, ки рӯзи 18 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, маълумот дода мешавад.

Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таваррум, ки дар соли дахлдор пешгӯйӣ мешавад, муқаррар карда мешавад.

Ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Аз 1 июли соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Тавре таҷрибаи 6 соли ахир нишон медиҳад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар 2 сол 1 бор тағйир дода мешавад.

Ба ин тариқ, солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб 40 сомонӣ, солҳои 2017-2018 – 50 сомонӣ ва 2018-2019 – 58 сомониро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.