Хуҷанд: Боздошти устоҳои мошин барои рабудани мошини мизоҷашон

Кормандони пулиси шаҳри Хуҷанд ду устои нақлиётро барои рабудани автомашинаи мизоҷи доимии худ боздошт кардаанд Бино ба иттилои ВКД, дар шаҳри Хуҷанд, баъди 4 рӯзи дуздида шудани сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» аломати қайди давлатиаш tj 5050 СК02, ки ба шаҳрванд Саидбаҳоваддин Исомаддинов сокини шаҳри Хуҷанд таалуқ дошт, пайдо ва ба соҳибаш баргардонида шуд. Гуфта мешавад, ки дар […]

Кормандони пулиси шаҳри Хуҷанд ду устои нақлиётро барои рабудани автомашинаи мизоҷи доимии худ боздошт кардаанд

Бино ба иттилои ВКД, дар шаҳри Хуҷанд, баъди 4 рӯзи дуздида шудани сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс» аломати қайди давлатиаш tj 5050 СК02, ки ба шаҳрванд Саидбаҳоваддин Исомаддинов сокини шаҳри Хуҷанд таалуқ дошт, пайдо ва ба соҳибаш баргардонида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар дуздии ин автомашина ду устои нақлиёт шаҳрвандон Абдуғаффор Баротов  соли таваллудаш 1984 ва Аъзам Шарипов соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд гумонбар дониста мешаванд, ки соҳиби нақлиёт мизоҷи доимии онҳо будааст.

Соҳибмулк  автомашинаи худро барои таъмир кардан ба устоҳо пешниҳод менамояд ва гумонбаршудаҳо Баротов ва Шарипов бо маслиҳати пешакӣ қисми техникии ба ҳаракатдарорандаи сабукравро, ки маъмулан онро «зажиганӣ» мегӯянд, канда калидро нусхабардорӣ мекунанд.

"Баъди ин амалашон ҳолати аввалааи автомашинаро барқарор карда, баъди таъмир ба дасти соҳибаш супорида дар пайи тасарруфи нақлиёт мешаванд ва ба мақсад ҳам мерасанд. Яъне суроғаи мизоҷро пайдо намуда аз саҳни манзили истиқоматиаш, баландошёнаи №39-и маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд барои дар оянда ба қисмҳо ҷудо карда фурӯхтан, сабукравро тасарруф кардаанд”.

Манбаъ мегӯяд, нақлиёти мазкур 72 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, шоми 3-юм ба 4-уми ноябр дар ҳудуди маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд тасарруф карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.