Вазорати саноат барои ба соҳибкорон додани иҷозатнома “равзанаи ягона” боз кард

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пойгоҳ (платформа)-и электрониеро боз намуд, ки ба анҷоми фосилавии расмиёти гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи саноат имкон медиҳад. Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки барномаи электронӣ барои саривақт иҷро намудани дастурҳои марбутаи ҳукумати кишвар дар доираи иқдомҳои дастгирии соҳибкорон таъсис дода шудааст. Таъкид мешавад, ки бо роҳандозии пойгоҳи […]

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пойгоҳ (платформа)-и электрониеро боз намуд, ки ба анҷоми фосилавии расмиёти гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи саноат имкон медиҳад.

Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки барномаи электронӣ барои саривақт иҷро намудани дастурҳои марбутаи ҳукумати кишвар дар доираи иқдомҳои дастгирии соҳибкорон таъсис дода шудааст.

Таъкид мешавад, ки бо роҳандозии пойгоҳи мазкур зарурати ба сохторҳои дахлдор шахсан рафтани аризадиҳанда аз байн рафта, он ба рафъи монеъаҳои сунъӣ мусоидат мекунад ва ба гирифтани иҷозатнома тавассути технологияи муосир бар асоси шаффоф ва сода имкон фароҳам меоварад.

Барномаи электронӣ аз номгӯи фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи саноат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома иборат аст.

Дар барнома барои пардохти боҷи давлатӣ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ тариқи низоми бонкӣ имкон дода мешавад.

Хоҳишмандони оғози кор дар соҳаи саноат барои дарёфти ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ бо суроғаи электронии  ijozatnoma.tj муроҷиат карда метавонанд.

https://www.youtube.com/watch?v=5_Nn5Hk5zSU

Нишондиҳандаҳои соҳа

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 106 корхонаи нави саноатӣ ва 87 коргоҳҳо ба фаъолият оғоз намуданд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 2251 корхона фаъолият доранд, аз ҷумла 226 корхона дар соҳаи саноати истихроҷ, 1828 – саноати коркард, 76 – дар самти таъмин бо барқу газ ва гармӣ, 81 – дар бахши таъминот бо об ва коркарди партовҳо.

Давоми моҳҳои январ-октябр дар ин корхонаву коргоҳҳо ба маблағи умумии зиёда аз 24,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 10,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳиссаи саноати коркард дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 62,5%, таъмин бо барқу газ ва гармӣ – 24,1%, саноати истихроҷ – 13,8% ва таъминот бо обу коркарди партовҳо – 0,6%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар ба 17,9% баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.