Карантин барои сарбозони Тоҷикистон сабуктар шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тадбирҳои карантинро байни сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ сабуктар кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, акнун сарбозони оиладор рухсатии кӯтоҳмуддат гирифта метавонанд, инчунин ба сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки наздикони худро аз даст додаанд, барои ба хона рафтан иҷоза дода […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тадбирҳои карантинро байни сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ сабуктар кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, акнун сарбозони оиладор рухсатии кӯтоҳмуддат гирифта метавонанд, инчунин ба сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки наздикони худро аз даст додаанд, барои ба хона рафтан иҷоза дода мешавад.

“Сарбозоне, ки ба рухсатӣ мераванд, пас аз бозгашт ба хизмат муддати ду ҳафта ба карантин гирифта мешаванд”, – қайд кард Маҳмадализода.

Зимнан зикр шуд, ки  пеш аз рафтан ба рухсатии кӯтоҳмуддат сарбозон ҳатман дар бораи тартиби риояи масофаи иҷтимоӣ, меъёрҳои санитария ва гигиенаи шахсӣ огаҳ карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аввали моҳи май озод кардани сарбозонро аз хизмат ба вақти муайян муваққатан манъ карда, инчунин ба онҳо дидорбинӣ бо наздиконашон иҷоза намешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.