Дар Тоҷикистон барои таркондани “хлопушка” қонунӣ ҷазо дода метавонанд?

Барои ворид намудан ва паҳн кардани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар Тоҷикистон ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Оё барои истифодаи онҳо ҷазо дода метавонанд? Ба қонунгузорӣ дар ин бора рӯ овардем. Ҷазои то 2 соли зиндон барои ворид намудан ва паҳн кардан Тавре маълум аст, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз охири соли 2008 ворид намудан ва фурӯши […]

Барои ворид намудан ва паҳн кардани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар Тоҷикистон ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Оё барои истифодаи онҳо ҷазо дода метавонанд? Ба қонунгузорӣ дар ин бора рӯ овардем.

Ҷазои то 2 соли зиндон барои ворид намудан ва паҳн кардан

Тавре маълум аст, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз охири соли 2008 ворид намудан ва фурӯши маводи тарфгарӣ қатъиян манъ аст.

Мувофиқи моддаи 199, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори начандон калон ё дар давоми сол пас аз таъини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо, бо ҷарима ба андозаи аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 6 ҳазор то 12 ҳазор сормонӣ) ҷазо дода мешавад.

Замима: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон аз 20 то 100 адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо (фейерверкҳо) истифодашаванда, аз 50 то 200 адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад.

Ҳамин кирдорҳо, агар ба миқдори калон содир шуда бошанд, бо ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо(аз 12 ҳазор то 30 ҳазор сомонӣ)  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо дода мешавад.

Замима: Таҳти мафҳуми ба миқдори калон зиёда аз 100 адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо, зиёда аз 200 адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад.

Барои истифода чӣ?

Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар ба ҷуз ворид намудан ва фурӯши маводи тарфгарӣ, инчунин дар бораи харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ба миқдори начандон зиёд сухан меравад.

Ба ин тариқ, мутобиқи моддаи 467, қисми 2-и Кодекси мазкур, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он истеҳсол кардан, харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз 20 то 30 (аз 1200 то 1800) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 3 то 6 ҳазор сомонӣ) бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Замима: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон то 20 адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфаввораҳо (фейерверкҳо) истифодашаванда то 50 адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад.

Аз ин бармеояд, ки барои истифодаи маводи тарфгарӣ ё ба истилоҳи маъмул “хлопушкаҳо” метавонанд ба маблағи то 1800 сомонӣ ҷарима кунанд.

Барои шарҳи масъала ба роҳбари ширкати ҳимояи ҳуқуқи “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев муроҷиат кардем.

Ба гуфтаи ӯ, дарвоқеъ ҳам барои истифодаи маводи тарфгарӣ низ масъулият пешбинӣ шудааст.

“Ҳатто барои истифодаи 1 маводи тарфгарӣ шахс метавонад ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, барои истифодаи зиёда аз 20 адад маводи тарфгарӣ бошад, шахсро ба ҷавобгарии чиноятӣ кашида метавонанд”, – гуфт ҳуқуқшинос.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.