Падари чоргоникҳо ҳам аз ҳукумати Сино ва вазорати тандурустӣ дархости хона кард

Далер Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола рӯзи 15-уми декабр дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чоргоник таваллуд намуда буд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе расман барои  ба оилаи онҳо ёрӣ расонидан муроҷиат кардааст. Далер Файзуллоев ба «Азия-Плюс» гуфт, рӯзи 28-уми декабр ба Вазорати тандурустӣ ва рӯзи 29-уми декабр ба […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Далер Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола рӯзи 15-уми декабр дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чоргоник таваллуд намуда буд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе расман барои  ба оилаи онҳо ёрӣ расонидан муроҷиат кардааст.

Далер Файзуллоев ба «Азия-Плюс» гуфт, рӯзи 28-уми декабр ба Вазорати тандурустӣ ва рӯзи 29-уми декабр ба ҳукумтаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои ёрӣ муроҷиат намудааст. Рӯзи 31-уми декабр ҳамсараш ва чор фарзандаш аз беморхона рухсат шудаанд.

«Мақсади асосии муроҷиати мо хона аст. Чун мо оилаи ҷавон иҷорашин ҳастем ва хонаи шахсии худро надорем. Аз Вазорати тандурустӣ ба ман гуфтанд, ки бар дӯши онҳо танҳо солимии модар ва нигоҳубини кӯдакон вогузор шудааст ва масъалаи таъмини хонаро бояд ба мақомоти дахлдори дигар бояд бинависам. Аз ҳукумтаи ноҳияи Сино ба муроҷиати навиштамон гуфтанд, ки баъди Соли нав посух хоҳанд дод. Аммо моро дилпур карданд, ки ҳатман хона медиҳанд», – гуфт падари чоргоникҳо.

Ин падари ҷавон инчунин илова кард, ки интизори посухи ҳукумти ноҳияи Сино аст ва дар зарурат онҳо ба Рустами Эмомалӣ раиси аҳри Душанбе ва дигар мақомоти дахлдор муроҷиат хоҳанд кард, ки оилаи ҷавони онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад. Ва  умед дорад, ки ҳукумати кишвар ин оилаи ҷавонро пуштибонӣ хоҳад кард.

«Маълум аст, ки нигоҳубини чор тифли навзод мушкил буда, эҳтиёҷ ва хароҷоти онҳо зиёд аст. Ба панҷ фарзанди хурдсол ҳатто маоши ман низ камӣ мекунад. Ҳоло қарз карда барои кӯдакони навзод маводи лозима ва шири сунъиро мехарам. Нафароне, ки иҷорашин ҳастанд бо чунин мушкилиҳо ошно ҳастанд. Ногуфта намонад, ки табибон ҳамарӯза аз ҳоли навзодон ва модарашон хабар мегиранд ва мо умед дорем, ки ҳукумати кишвар моро дастгирӣ мекунад ва ин тифлакони мо дар оянда ба халқу миллат хидмат хоҳанд кард», – афзуд Далер Файзуллоев.

Дар суҳбати қаблӣ Далер ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар яке аз ширкатҳо дар Душанбе кор мекунад ва иҷоранишин аст. Ба гуфтаи худи ӯ дӯстону шиносон бо ӯ тамос гирифта аз он мегӯянд, ки ҳатман аз ҷониби ҳукумат оилаи ҷавони онҳо дастгирӣ мешавад ва соҳиби манзили шахсии худ мегарданд. Вале ӯ гуфта буд, ки то ҳол аз ҷониби намояндагони ягон мақомот ё сохтор бо онҳо тамос нагирифтаанд.

Ин ҷавон мегӯяд, ҳоло муҳим саломатии кӯдакон аст ва табибон вазъи саломатии чоргоникҳо ва ҳамсарашро хуб арзёбӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 15-уми декабр ин чоргоник бо роҳи ҷарроҳӣ ба дунё омада буданд ва дар шуъбаи эҳёи таваллудхона зери назорати табибон қарор доштанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.