Ҳақиқат | Тоҷикзан хидматгори балеринаи машҳури рус – Анастасия Волочкова

5-уми январи соли 2021 дар сомонаи Oila.tj хабаре таҳти сарлавҳаи «Тоҷикзан хидматгори балеринаи машҳури рус» нашр шудааст (бойгонӣ). Дар хабар омадааст, ки балеринаи маъруфи рус Анастасия Волочкова дар сафҳаи Инстаграми худ аксашро бо хизматгорзани тоҷик мунташир карда, аз ӯ Лола ном бурдааст. Ин дар ҳолест, ки худи Волочкова борҳо аз ироаи маълумоти бештар дар бораи хизматгораш ба […]

factcheck.tj

5-уми январи соли 2021 дар сомонаи Oila.tj хабаре таҳти сарлавҳаи «Тоҷикзан хидматгори балеринаи машҳури рус» нашр шудааст (бойгонӣ). Дар хабар омадааст, ки балеринаи маъруфи рус Анастасия Волочкова дар сафҳаи Инстаграми худ аксашро бо хизматгорзани тоҷик мунташир карда, аз ӯ Лола ном бурдааст.

Ин дар ҳолест, ки худи Волочкова борҳо аз ироаи маълумоти бештар дар бораи хизматгораш ба расонаҳои хабарии Русия худдорӣ мекард.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Зимни санҷиш дақиқ гардид, ки воқеан ҳам Анастасия Волочкова дар саҳифаи Инстаграми худ аксашро бо ин тоҷикзан гузошта, ӯро бо зодрӯзаш табрик гуфтааст (бойгонӣ).

Чӣ гуна санҷида шуд?

Сомонаи Oila.tj, ки хабарро дар такя ба саҳифаи Инстаграми Волочкова таҳия намудаст, барои боварӣ ҳосил намудан ба дурустии он мо саҳифаи балеринаи маъруфи русро мавриди санҷиш қарор додем. Саҳифаи расмии ӯ бо номи @volochkova_art дар шабакаи иҷтимоии Instagram қайд шудааст. Маълум гардид, ки дар ҳақиқат 4-уми январи соли ҷорӣ Анастасия Волочкова аксашро ҳамроҳи ин тоҷикзан дар саҳифааш гузошта, ӯро бо зодрӯзаш табрик намудааст. Ба гуфтаи балерина, давоми 5 сол инҷониб Лола дар манзили ӯ кору зиндагӣ мекунад ва ҳамчун аъзои хонаводааш аст.

Вале номи аслии ин тоҷикзан, тавре худи Волочкова ба саҳифаи ӯ – @hilola04.01, ишора кардааст, на Лола, балки Ҳилола мебошад. Азбаски дар алифбои руcӣ ҳарфи «Ҳ» вуҷуд надорад, шояд ба ҳамин хотир Анастасия Волочкова ба ин тоҷикзан на бо номи «Ҳилола», балки бо номи «Лола» муроҷиат менамояд.

Хулоса

Хабари нашрнамудаи сомонаи Oila.tj зери унвони «Тоҷикзан хидматгори балеринаи машҳури рус» асоси воқеӣ дорад ва ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» ном гирифт.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.