Суғд: қарзи барқ аз аҳолӣ бо ёрии милитсия ҷамъоварӣ мешавад

Ситоди ҷумҳуриявии истифодаи сарфакоронаи барқ дар як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳудуди 9 млн сомони қарзи истифодаи барқро ҷамъоварӣ намуд. Бо ёрии кормандони милитсия. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар Шуъбаи 1-и ВКД-и дар шаҳри Исфара 4 гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, аз 10-уми декабр то 8-уми январ маблағи рӯёнидашуда аз ҳисоби […]

Ситоди ҷумҳуриявии истифодаи сарфакоронаи барқ дар як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳудуди 9 млн сомони қарзи истифодаи барқро ҷамъоварӣ намуд. Бо ёрии кормандони милитсия.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар Шуъбаи 1-и ВКД-и дар шаҳри Исфара 4 гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, аз 10-уми декабр то 8-уми январ маблағи рӯёнидашуда аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Дар ноҳияи Мастчоҳ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурда зиёда аз 2 млн 770 ҳазор сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар шаҳри Гулистон 7 гурӯҳи корӣ амал карда, наздики 2 млн 500 ҳазор сомонӣ қарз аз истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардидааст, ки асосан аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад.

“Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои истифодаи беҳудаи нерӯи барқ ва дар ин самт тарғиби сарфаю сариштакорӣ, ки метавонад иқтидори энергетикии мамлакатро ҳифз намояд дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ситоди корӣ ташкил ва таҳти роҳбарии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мебаранд”, – қайд мешавад дар хабари ВКД.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 10 декабр бо дастури ҳукумат дар кишвар Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои гғайриқонунӣ пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.