Мақомот аз намозгузории рӯзи аввали боз шудани масҷидҳо розиянд

Имрӯз масоҷиди Тоҷикистон дубора дари худро ба рӯйи намозгузорон боз карданд. Пас аз фосилаи 10-моҳа дубора боз шудани дари масоҷид барои мусалмонони Тоҷикистон идеро мемонд, ки дар чеҳраи намозгузорон ҳувайдо буд.. “Хеле хушҳол ҳастем, ки дарҳои масоҷид имрӯз ба мо дубора боз шуд. Ва мо кӯшиш мекунем, то талаботро роия кунем”, – гуфт сокини Душанбе Абдуманнон […]

Имрӯз масоҷиди Тоҷикистон дубора дари худро ба рӯйи намозгузорон боз карданд. Пас аз фосилаи 10-моҳа дубора боз шудани дари масоҷид барои мусалмонони Тоҷикистон идеро мемонд, ки дар чеҳраи намозгузорон ҳувайдо буд..

“Хеле хушҳол ҳастем, ки дарҳои масоҷид имрӯз ба мо дубора боз шуд. Ва мо кӯшиш мекунем, то талаботро роия кунем”, – гуфт сокини Душанбе Абдуманнон Ёров, ки ба намози ҷамоаи зуҳр ба Масҷиди марказии пойтахт омада буд.

“Хеле интизор будем, душвор аст эҳсосоти даруни худро кардан. Худо ҳаргиз беморие ба мо наояд. Хоҳонем, ки доимо дарҳои масоҷид кушода бошанд”, – мегӯяд сокини дигари пойтахт Саидҷон Сатторов.

Намози зуҳри имрӯзро дар Масҷиди марказӣ муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода имоматӣ кард.

Пас аз назорати риояти қоидаҳои беҳдоштӣ, масъулин изҳор карданд, ки аз интизоми намозгузорон қаноатманданд.

“Барои мо, намояндагони мақомоти ваколатдор хеле ҷойи хушист, ки аксари тавсияҳои аз ҷониби мақомоти марбута ва ходимони дин пешниҳодшуда дар намози имрӯза риоя мешуданд, – гуфт ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Афшин Муқим.

Намозгузорон бо ниқобҳои тиббӣ омаданд, аксари онҳо бо худ ҷойнамозҳои шахсӣ овардаанд ва низом дар қисмати таҳоратхона хуб ба назар мерасид: пештар тавсия буд, ки хуб мешуд, агар намозгузорон дар хона таҳорат карда меомаданд”.

Қаблан мақомот гуфта буданд, агар талабот пурра риоя нашавад, эҳтимол дорад дарҳои масоҷид дубора баста шаванд.

Масҷидҳоро дар Тоҷикистон пас аз хуруҷи вируси куруно аввали моҳи марти соли 2020 баста буданд. Як муддате дарҳои масоҷид боз шуданд, вале охирҳои моҳи апрел дубора онҳоро бастанд. Ва ҳамин тавр қариб 10 моҳ диндорон наметавонистанд намози ҷаноза бихонанд.

Ахиран – ҳам вазири тандурустӣ ва ҳам раисиҷумҳур гуфтанд, ки дар Тоҷикистон вируси курона дигар нест Наздик ба як моҳ аст, ки мавридҳои сироятёбӣ ба коронавирус дигар сабти ном нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.