Боздошти сокини се бор барои дуздӣ судшудаи Данғара

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар дуздии молу мулки аҳолии ноҳияи Вахш сокини 39-солаи ноҳияи Данғара Бобоҷон Шомуродовро дастгир кардаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда дар 5 ҳолати содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад. “Шомуродов дар ҳудуди ноҳия шабона ба тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр машғул гашта, аз аввалҳои моҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар дуздии молу мулки аҳолии ноҳияи Вахш сокини 39-солаи ноҳияи Данғара Бобоҷон Шомуродовро дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда дар 5 ҳолати содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.

“Шомуродов дар ҳудуди ноҳия шабона ба тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр машғул гашта, аз аввалҳои моҳи июли соли сипаришуда то инҷониб вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон мегардад ва молҳои арзишнок, аз қабили телефонҳои мобилӣ, дучархаҳо, маблағҳои пулӣ, либосҳои мардонаро ба яғмо мебарад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, бо ин кирдорҳои худ ӯ ба ҷабрдидагон ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.

Таъкид мешавад, ки Шомуродови боздоштшуда қаблан маҳз барои ҷинояти дуздӣ се маротиба маҳкум шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.