Пирӯзии курсанти тоҷики омӯзишгоҳи ҳарбии Рязан дар мусобиқаи бокс

Сомон Ҳабибов, узви мунтахаби Тоҷикистон ва КМВА (ЦСКА) оид ба бокс, хизматчии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, курсанти соли дуюми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ҳавоӣ-десантии фармондеҳии гвардияи Рязан ба номи генерали артиш Маргелов 21 феврал дар мусобиқаи минтақавӣ оид ба муштзанӣ барои дарёфти ҷоизаи Вазорати мудофиаи Русия ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Мусобиқа байни хизматчиёни ҳарбӣ […]

Сомон Ҳабибов, узви мунтахаби Тоҷикистон ва КМВА (ЦСКА) оид ба бокс, хизматчии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, курсанти соли дуюми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ҳавоӣ-десантии фармондеҳии гвардияи Рязан ба номи генерали артиш Маргелов 21 феврал дар мусобиқаи минтақавӣ оид ба муштзанӣ барои дарёфти ҷоизаи Вазорати мудофиаи Русия ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.

Мусобиқа байни хизматчиёни ҳарбӣ ва курсантҳои макотиби олии низомии Вазорати мудофиаи Русия ва воҳидҳои махсуси Вазорати мудофиаи ин кишвар баргузор шуд.

Дар рақобати финалии вазни 60 кг Сомон Ҳабибов ба муштзан Никита Ребров аз шаҳри Санкт-Петербург – курсанти Донишккадаи ҳарбии тарбияи ҷисмонии Вазорати мудофиаи Русия дастболо шуд.

То замони дохил шудан ба мактаби олии ҳарбӣ Сомон Ҳабибов назди мураббӣ Мирзо Шамсиев машқу тамрин мекард.

Айни замон Сомон Ҳабибов аз ду дастаи муштзании КМВА (ЦСКА) ва “Дастаи бокси Неруҳои ҳавоӣ-десантӣ (ВДВ)” намояндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.