Эмомалӣ Раҳмон шахсан сарбозону афсарони артиши Тоҷикистонро табрик мекунад

Вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозону афсарони артиши миллии кишвар имрӯз, 23 феврал нимаи аввали рӯз дар маҷмааи “Кохи Борбад” баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ. Дар назар аст, ки президент зимни суханронӣ давраҳои ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро таҳлил намуда, назди хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои нав мегузорад. Дар фарҷоми вохӯрӣ консерти […]

Вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозону афсарони артиши миллии кишвар имрӯз, 23 феврал нимаи аввали рӯз дар маҷмааи “Кохи Борбад” баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Дар назар аст, ки президент зимни суханронӣ давраҳои ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро таҳлил намуда, назди хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои нав мегузорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ консерти устодони санъати ҷумҳурӣ доир мегардад.

Ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар тамоми шаҳрҳо чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Дар Вазорати мудофиа бо иштироки намояндагони Дастгоҳи марказӣ ва Ситоди кулл маҷлиси тантанавӣ баргузор шуда, дар он сарбозону афсарони ба таври намунавӣ хизматкарда, дорои нишондиҳандаи баланд дар омодагии ҳарбӣ ва дар таҳкими Қувваҳои мусаллаҳ саҳмгузошта бо ифтихорномаву мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд.

Шурӯъ аз соли 1993 санаи 23 феврал дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Айни замон Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал ва хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Тибқи нақшаи ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар, гузашти низомии пуршукӯҳ моҳи сентябри соли 2021 дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.