Боздошти фурӯшандаи силоҳи сард дар Душанбе

Дар доираи амалиёти шартии “Корд”, ки аз охири соли 2019 дар қаламрави шаҳри Душанбе ҷараён дорад, дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт Алиакбар Эмомов, сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, боздоштшуда ба фурӯш ва паҳнкунии ашёҳое, ки ба сифати силоҳи сард истифода шуда метавонанд, машғул […]

Дар доираи амалиёти шартии “Корд”, ки аз охири соли 2019 дар қаламрави шаҳри Душанбе ҷараён дорад, дар кӯчаи Убайди Зоконии пойтахт Алиакбар Эмомов, сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, боздоштшуда ба фурӯш ва паҳнкунии ашёҳое, ки ба сифати силоҳи сард истифода шуда метавонанд, машғул будааст.

“Дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур зиёда аз 30 адад чунин предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд”, – қайд мешавад дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда санад дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ӯро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

https://www.youtube.com/watch?v=ezgLtbJpZIQ

Ёдрас мекунем, дар мақомоти милитсияи пойтахт амалиёти шартии “Корд” ҷараён дорад, ки дар рафти он тадбирҳои аз аҳолӣ, бахусус, ҷавонон дарёфт кардан ва мусодираи яроқи сард, аз ҷумла, корду кастет, электрошоку чӯбдастҳо ва ғайра роҳандозӣ шудааст.

Ҳолатҳои зӯроварӣ ва муноқишаҳо бо истифода аз яроқи сард ахиран дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки бепарвоӣ ва хунукназарии волидону омӯзгорон ва ҳамаи аҳли ҷомеа сабаби аслии афзоиши падидаҳои манфӣ миёни ноболиғон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.