“Истиқлол” машқҳои омодагиро дар Туркия мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон – дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати баргузории машқҳои амалӣ ва назариявӣ ба Анталияи Туркия раҳсипор мешавад. Тавре ки хадамоти матбуоти даста хабар медиҳад, замони баргузории машқҳо аз 2 то 16 март ҳайати даста дар меҳмонхонаи «The Sense Deluxe»-и шаҳри Сиде […]

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон – дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати баргузории машқҳои амалӣ ва назариявӣ ба Анталияи Туркия раҳсипор мешавад.

Тавре ки хадамоти матбуоти даста хабар медиҳад, замони баргузории машқҳо аз 2 то 16 март ҳайати даста дар меҳмонхонаи «The Sense Deluxe»-и шаҳри Сиде иқомат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни машқҳои омодагӣ баргузории якчанд бозиҳо бо тимҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 16 феврал Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати қабули бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 дар гурӯҳи “А” дархост пешниҳод намуд.

Дар гурӯҳи “А” қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол” бо тимҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (Амороти Муттаҳидаи Араб) ва ғолиби ҷуфти “Ал-Ғарафа” (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон) бозӣ мекунад. Марҳилаи гурӯҳии мусобиқа аз 15 то 30 апрел дар шакли мутамарказ (дар як давлат) доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.