Бонки миллӣ хориҷиҳоеро, ки хизматрасонии электронӣ доранд, ба Кумитаи андоз хабар медиҳад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ ба унвони шахсони хориҷӣ, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ даромад мегиранд, муваззаф шуд. Дар қарори ҳукумат аз 6 феврали соли равон қайд мешавад, ки ҳамчунин Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба пешниҳоди маълумоти зарурӣ дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ ба унвони шахсони хориҷӣ, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ даромад мегиранд, муваззаф шуд.

Дар қарори ҳукумат аз 6 феврали соли равон қайд мешавад, ки ҳамчунин Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин дигар ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати рушди низоми пардохт ва ташаккули низоми ба буҷет ворид намудани маблағи андозҳо, пардохтҳо, боҷҳо ва хироҷҳои гумрукӣ ба таври ғайринақдӣ чораҷӯйӣ намояд.

Хизматрасониҳои электронӣ иборатанд аз фурӯши китоб ва файлҳои расонаӣ (мундарҷиаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқ ба истифодаи барнома, реклама, хизматрасонӣ ба сомонаҳо, захира ва коркарди маълумот, роҳандозии ҳисоби оморӣ, хостинг, дастрасӣ ба низомҳои ҷустуҷӯ, соҳаи IT ва ғайра. Яъне хизматрасониҳое, ки тавассути интернет анҷом дода мешаванд.

БМТ баъди роҳандозии Маркази миллии протссесингӣ оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб барои муайян кардани фиристанда ва қабулкунандаи қариб ҳама интиқолҳои пулӣ имкон дорад.

Моҳи январи соли равон тағйироту иловаҳо ба Кодекси андоз мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар онҳо андозбандии (ААИ) ширкатҳои хориҷӣ ё агентҳои онҳо барои хизматрасонии электронӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.