Тоҷикистон макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми КФО-2021

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Тоҷикистонро макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F” тасдиқ намуд. Дар ин гурӯҳ дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд иштирок мекунад. Тавре ФФТ хабар медиҳад, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021, дар гурӯҳи “F”, дар Минтақаи марказӣ рақибони дастаи “Хуҷанд” дастаҳои футболи АГМК ва ё “Насаф” (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва […]

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Тоҷикистонро макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F” тасдиқ намуд. Дар ин гурӯҳ дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд иштирок мекунад.

Тавре ФФТ хабар медиҳад, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021, дар гурӯҳи “F”, дар Минтақаи марказӣ рақибони дастаи “Хуҷанд” дастаҳои футболи АГМК ва ё “Насаф” (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва “Олой” (Қирғизистон) мебошанд.

Гуфта мешавад, марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар шакли мутамарказ аз 14 то 20 май баргузор мешавад.

Марҳилаи гурӯҳии матамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “Е” бо иштироки барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб бошад, аз 14 то 20 май дар Бишкеки Қирғизистон мегузарад. Рақибони “Равшан” дар гурӯҳ қаҳрамони Қирғизистон – дастаи футболи “Дордой” ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон – дастаи футболи “Аҳал” мебошанд.

Ғолибони гурӯҳҳои Осиёи марказии Ҷоми КФО-2021 дар бозиҳои ниҳоии минтақавӣ, ки аз рафту баргашт иборат ҳастанд, вомехӯранд. Ин бозиҳо рӯзҳои 11 ва 25 август баргузор хоҳанд шуд.

Зикр мешавад, ки дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 роҳ ёфтани АГМК, дар Ҷоми КФО-2021 Ӯзбекистонро дастаи “Насаф” намояндагӣ мекунад. Дар сурати роҳ наёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дастаи АГМК дар Ҷоми КФО-2021 баромад мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.