Як гулдаста 1,5 ҳазор сомонӣ. Чаро гулҳо дар Душанбе гарон шуданд?

Дар шабакаи иҷтимоии тоҷикии Facebook навиштае дар бораи нархҳои баланд ба гул вокуниши зиёд ба бор овард. Дар арафаи ҷашни Рӯзи байнулмилалии занон тасмим гирифтем, ки аз дӯконҳои гулфурӯшии пойтахт боздид намуда, аз сабаби ин қадр гарон будани онҳо огаҳӣ ёбем. Гули аз ҳама қимат маъмулан садбарги голландӣ аст, ки 1 донааш аз 25 то […]

Дар шабакаи иҷтимоии тоҷикии Facebook навиштае дар бораи нархҳои баланд ба гул вокуниши зиёд ба бор овард. Дар арафаи ҷашни Рӯзи байнулмилалии занон тасмим гирифтем, ки аз дӯконҳои гулфурӯшии пойтахт боздид намуда, аз сабаби ин қадр гарон будани онҳо огаҳӣ ёбем.

Гули аз ҳама қимат маъмулан садбарги голландӣ аст, ки 1 донааш аз 25 то 35 сомонӣ нарх дорад. Ба гуфтаи қариб ҳамаи фурӯшандагон, гулҳои садбарг аз хориҷи кишвар оварда шуда, маҳҳалӣ нестанд ва аз ин рӯ, нархашон ҳам гарон аст. Масалан, гулдастаи иборат аз 101 дона садбарг 1800 сомонӣ ва аз он болотар арзиш дорад. Дар дӯконҳои гулфурӯшии гуззаргоҳҳои зеризаминӣ низ нархҳо чунинанд. Ба арзиш шумораи гулҳо дар гулдаста низ таъсир мерасонад.

– Гули садбаргро аз Голландия аввал ба Маскав ва баъдан ба кишвари мо меоранд, – мегӯяд яке аз фурӯшандагон. – Албатта, онҳо арзон нестанд.

Гулдастаҳои начандон калон бо гулҳои гуногун аз 100 то 210 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Имрӯз дар шаҳр натанҳо садбаргҳои гарони аз Голландия овардашуда, балки гулҳои маҳаллии лола, мехак (гвоздика), гули довудӣ (хризантема) ва ғайра низ боқӣ мондаанд.

Ба гунаи мисол, як дона лола 15 сомонӣ нарх дорад.

Агар ба ҷойи садбарг шумо гулдастаи иборат аз 101 гули мехак фаромиш доданӣ бошед, нархи он ҳудуди 1000 сомониро ташкил хоҳад дод.

Гулфурӯшон огоҳ намуданд, ки ба наздикӣ гулҳои нав оварда шуда, пеш аз 8 март нархи дастагулҳо боз каме зиёд мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.