Имрӯз дар Тоҷикистон даъвати ба хидмати ҳарбӣ оғоз мешавад

Аз 1 апрел дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз мегардад. Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ – апрел ва май ҷараён мегирад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват […]

Аз 1 апрел дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз мегардад.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ – апрел ва май ҷараён мегирад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.

Ба маъракаи кунунии даъват муовини сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.

Мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардид.

Ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хидмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хидмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Ғайр аз ин, мутобиқи қонуни нав, уҳдадори даъватшавандагон ва волидони онҳо зиёдтар шуд.  Бар асоси қонуни нав, дар сурати ҳузур надоштани даъватшаванда, волидон (ё шахсони ивазкунандаи онҳо) ба қабули даъватнома бо забонхат ва ба шаҳрванди даъватшаванда ба хидмат расонидани он уҳдадор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.