Танҳо воксиншудаҳо: Саудӣ аз шартҳои қабули зоирин ба Ҳаҷҷ хабар дод

Мусалмонон танҳо пас аз воксинзанӣ аз коронавируси нав дар адои маросими Умра ва Ҳаҷҷ (фарзӣ) иштирок карда метавонанд. Вазорати умури Ҳаҷҷ ва Умраи подшоҳӣ рӯзи душанбе чунин қарор қабул кард, иттилоъ медиҳад CentralAsia. “Иҷозаи адои ҳаҷҷу умра  ва боздид аз ду масҷид (дар Макка ва Мадина) дар моҳи Рамазон танҳо ба касоне дода мешавад, ки ду воя […]

Мусалмонон танҳо пас аз воксинзанӣ аз коронавируси нав дар адои маросими Умра ва Ҳаҷҷ (фарзӣ) иштирок карда метавонанд. Вазорати умури Ҳаҷҷ ва Умраи подшоҳӣ рӯзи душанбе чунин қарор қабул кард, иттилоъ медиҳад CentralAsia.

“Иҷозаи адои ҳаҷҷу умра  ва боздид аз ду масҷид (дар Макка ва Мадина) дар моҳи Рамазон танҳо ба касоне дода мешавад, ки ду воя (доза)-и ваксина гирифтаанд”, – овардааст изҳороти вазоратро шабакаи телевизиони “Ал-Арабия”.

Ғайр аз ин, дар Вазорат ишора кардаанд, ки дар остонаи моҳи шарифи Рамазон имкон хоҳад шуд, ки зиёрати Масҷиди Калони Макка зиёдтар карда шавад.

Моҳи шарифи Рамазон дар аксари кишварҳо 13 апрел оғоз мешавад.

Аввали моҳи март ҳукумати Арабистони Саудӣ қарор қабул кард, ки танҳо баъди ваксиназанӣ аз коронавирус ба мусалмонон зиёрати макони муқаддас дар Маккаву Мадина иҷоза дода мешавад.

Имсол маросими адои ҳаҷи фарзӣ ба макони муқаддаси ислом ба нимаи моҳи июл рост меояд.

Соли гузашта бар асари пандемия маросими ҳаҷ бо иштироки ҳамагӣ 10 ҳазор нафар баргузор шуд, ки 305-ашон шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва 70% – ашон хориҷиёни муқими ин кишвар буданд.

Зойирин аз хориҷи кишвар ба маросии адои ҳаҷ роҳ дода нашуданд. Зимни иҷозадиҳӣ ба одамони синни аз 20 то 50-солае, ки бемориҳои кӯҳна надошта, аз коронавирус сироят нашуда буданд ва қаблан маросими ҳаҷро адо накардаву ба паси сар кардани давраи карантин омода буданд, афзалият дода шуд.

Миёни онҳо табибоне низ буданд, ки бемории бар асари коронавирус пайдошударо паси сар карда буданд. Рӯзноманигорони хориҷӣ ба инъикоси ин рӯйдод роҳ дода нашуданд.

Аз моҳи ноябри соли гузашта Арабистони Саудӣ тадриҷан ба роҳ додани зойирини синни аз 50-сола боло бо доштани натиҷаи манфии ПСР-тест  баҳри адои маросими ҳаҷи умра оғоз кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.