Аксгузориш аз борону сели шадиди Кӯлоб: хабарҳо аз даҳҳо қурбониву хароб шудани хонаҳои зиёд мерасад

Борони шадиди имрӯз дар дар шаҳри Кӯлоб ба сел табдил шудаааст, ки наздик ба 10 қурбонӣ гирифтаву даҳҳо хонаву теъдоди зиёди киштзорҳои мардумро хароб кардааст. Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса хабар медиҳад, ки ҳоло ба далели харобкориҳои сел дар шаҳр барқ нест. Ба гуфтаи хабарнигори "Азия-Плюс" дар ҳоли ҳозир хабари дақиқе аз талафоти ҷонӣ нест, мақомоти шаҳру […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Борони шадиди имрӯз дар дар шаҳри Кӯлоб ба сел табдил шудаааст, ки наздик ба 10 қурбонӣ гирифтаву даҳҳо хонаву теъдоди зиёди киштзорҳои мардумро хароб кардааст. Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса хабар медиҳад, ки ҳоло ба далели харобкориҳои сел дар шаҳр барқ нест.

Ба гуфтаи хабарнигори "Азия-Плюс" дар ҳоли ҳозир хабари дақиқе аз талафоти ҷонӣ нест, мақомоти шаҳру вилоят расман дар мавриди хисороти ҷонӣ изҳори назар накардаанд, аммо Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи "СССР" дар саҳфаи фейсбукаш аз дарёфти 9 ҷасад аз миёни селобҳо хабар додааст ва гуфтааст, ки тибқи хабарҳои таъйиднашуда, то 18 нафар бар асари селхезии имрӯз ҷон бохтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода то ин дам ҷон бохтани ду тан: як мард ва як занро ба "Азия-Плюс" расман тасдиқ кард. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки эҳтимол аст бар пайи арзёбии охирин шумори ҷонбохтаҳо зиёд шавад.

Дилором Файзова, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба "Азия-Плюс" гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар мавриди талафоти ҷонӣ чизе гуфта наметавонанд, Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр инро мушаххас мекунад ва ҳоло ба ҳамин кор машғул аст.

Ҳамчунин аз тахриб шудани даҳҳо хонаву ба коми сел рафтани молу чорвои зиёди мардум хабар дода мешавад ва  ҳоло ба далели харкобкориҳои сел дар шаҳри Кӯлоб барқ нест.

Гуфта мешавад, ки сел ягона роҳи мувосилоти миёни шаҳрро дар лаҳзаҳои аввал хароб карда буд, ки мардум наметавонистанд аз ҳоли ду гӯшаи шаҳр бохабар шаванд. Сел қисмате аз шоҳроҳи Кӯлоб-ВМКБ-ро ҳам хароб кардааст, ки чанд соат роҳи он баста буд ва ҳоло гуфта мешавад роҳ муваққатан боз шудааст. 

Дар ҳамин ҳол зарари расидаи сел ва борони шадиди имрӯз то ҳанӯз ҳисоб ва эълом нашудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.