Зиёда аз 500 мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб мунтазири иҷозаи парвозанд

Бо сабаби боздошти иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии Сибирь” зиёда аз 500 нафар мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб дармондаанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ин ширкат. “Агентии авиатсияи гражданӣ бо сабабҳои номаълум дар лаҳзаҳои охир иҷрои парвозҳои моро боздошт”, – гуфт ба “Азия-Плюс” муовини директори намояндагии ширкати “Сибирь” Ҷӯрабек Тоҷибеков. Ба гуфтаи ӯ, ширкати […]

Бо сабаби боздошти иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии Сибирь” зиёда аз 500 нафар мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб дармондаанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ин ширкат.

“Агентии авиатсияи гражданӣ бо сабабҳои номаълум дар лаҳзаҳои охир иҷрои парвозҳои моро боздошт”, – гуфт ба “Азия-Плюс” муовини директори намояндагии ширкати “Сибирь” Ҷӯрабек Тоҷибеков.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Сибирь” аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Владивосток, Новосибирск, Саратов, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.

“Нархи билетҳои мо аз арзиши мувофиқашуда бо Агентӣ зиёд нест. Лекин масалан, имрӯз, 21 май парвози ҳавопаймоҳои ширкати мо ба самти Кемерово, Волгоград ва Барнаул аз фурудгоҳи Кӯлоб боздошта шудааст. Ҳавопаймо ба Кемерово бояд субҳи дирӯз соати 9 парвоз мекард”, – иброз дошт Тоҷибеков.

Айни замон ба қавли номбурда, дар фурудгоҳи Кӯлоб зиёда аз 500 нафар мусофир иҷрои парвозро бо хатсайри худ интизоранд.

“Рӯзҳои охир иҷрои парвоз боз тариқи якчанд хатсайр боздошт шуда, лекин мо мусофиронро ба дигар хатсайрҳо гузаронидем. Чанд рӯз пеш Агентӣ ба ширкат мактуб фиристода, дархост намуд, ки ҳадди ниҳоии нархи билет 500 доллар муқаррар шавад”, – мегӯяд намояндаи ширкат.

Ёдрас мекунем, ки Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ аз 11 май парвози ширкатҳои «Северный ветер» ва «Сибирь»-ро боздошта, инро ба зиёд будани нархи билетҳо маънидод кард.

Чанд рӯз пеш Агентӣ ба таври истисно ба ширкатҳо иҷоза дод, ки барои бурдани мусофирони аллакай билетдошта аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳоро анҷом диҳанд.

Он вақт дар Агентӣ изҳор дошта буданд, ки танҳо дар сурати аз ҷониби ширкатҳо муқаррар шудан нархи қаблан мувофиқашуда, ба барқарор гардидани парвозҳо иҷоза медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.