Мусофирони дармонда: қисме ба Русия рафтанду қисме монданд

Қисмате аз мусофирони дар фурудгоҳи Душанбе дармонда соати тахминан 3-и шаби 27 май ба Русия парвоз карда, боқимонда низ имрӯз ба макони таъиноташон раҳсипор мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе. “Имрӯз соати 2:30 ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Қазон ва баъди 40 дақиқа ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Иркутск парвоз карданд. […]

Қисмате аз мусофирони дар фурудгоҳи Душанбе дармонда соати тахминан 3-и шаби 27 май ба Русия парвоз карда, боқимонда низ имрӯз ба макони таъиноташон раҳсипор мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

“Имрӯз соати 2:30 ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Қазон ва баъди 40 дақиқа ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Иркутск парвоз карданд. Ба сурати умум, бо ин хатсайрҳо зиёда аз 700 мусофири дармонда парвоз карданд, – гуфтанд дар ФБД. – Як парвоз бо ҳавопаймои Боинг 777-200 иҷро шуд”.

Инчунин зикр шуд, ки шоми имрӯз анҷоми парвоз боз бо як хатсайри боздоштаи дигар дар назар аст. Ин парвоз ҳам бо ҳавопаймои Боинг 777-200 иҷро мешавад, ки ба ҷуз ҳайати сарнишинон, боз 448 ҷойи нишаст дорад”.

Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 26 май бештар аз 1000 мусофири дармондаи ширкати "Северний ветер"-и Русия дар фурудгоҳи Душанбе таҷаммуъ карда, аз масъулони бахши ҳавонавардии кишвар хостанд, ки ба парвозҳои онҳо иҷоза дода шавад.

Бархе аз ин мусофирон изҳор доштанд, ки аз 19 май ба ин сӯ парвозҳои онҳо ба замонҳои номуайяне ба таъхир гузошта мешавад.

Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон ба назди ин издиҳоми  мусофирони бандмонда баромада гуфт, ки ба иғво дода нашавед ва ба қадри тинҷии Тоҷикистон бирасед, мо чораҷӯйӣ карда истодаем.

Субҳонзода далели боз доштани парвозҳои ширкати "Северний ветер"-ро ба он рабт дод, ки ин ширкат ба дархости Оҷонсӣ барои паст кардани арзиши билет, ҳамагӣ дирӯз мактуби ҷавобӣ фиристод. "Онҳо дина ризоят доданд, ки арзиши чиптаро аз ин ба баъд 500 доллар мекунанд. Ҳоло дархости ширкати мазкур дар баррасӣ аст, пас аз мувофиқа намудани тамоми талабот масъалаи парвози ин ширкат баррасӣ карда мешавад" – гуфт Субҳонзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.