Тоҷикписаре дар донишгоҳи маъруфи Ҳарварди Амрико ба мансаб расид

Фаридун Назаров, тоҷикписаре, ки соли 2008 ба ИМА рафта буд, мудири молии  Анҷумани донишҷӯёну хатмкардаҳои донишгоҳи Ҳарвард шудааст.  Тавре сомонаи “Салом Амрико” менависад, ӯ дар бахши таъмини манзил ба донишҷӯёну таҷрибаомӯзон таҷрибаи беш аз 10-сола дорад. Аз мушкили манзил ва душвориҳои дигари берун аз шаҳраки донишҷӯён, ки муҳассилин ва муассисаҳои таълимӣ ҳамарӯза дучор меоянд, ба […]

Фаридун Назаров, тоҷикписаре, ки соли 2008 ба ИМА рафта буд, мудири молии  Анҷумани донишҷӯёну хатмкардаҳои донишгоҳи Ҳарвард шудааст.

 Тавре сомонаи “Салом Амрико” менависад, ӯ дар бахши таъмини манзил ба донишҷӯёну таҷрибаомӯзон таҷрибаи беш аз 10-сола дорад.

Аз мушкили манзил ва душвориҳои дигари берун аз шаҳраки донишҷӯён, ки муҳассилин ва муассисаҳои таълимӣ ҳамарӯза дучор меоянд, ба хубӣ огоҳ аст,-менависад ин манбаъ.

Ин пойгоҳ менависад, ки ӯ ҳанӯз соли 2008 барои таҳсил ба ИМА рафта буд ва ҳоло номзадаи дараҷаи ALM (барномаҳои мудирияти чархаи умр ) дар Донишгоҳи Ҳарвард мебошад.

Гуфта мешавад,  ки Фаридун ба василаи сомонаи 4stay.com ва хидматҳои аутсорсингӣ (бурунсупорӣ) барои ҳал кардани ин мушкили донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо кӯмак мекунад.

Ҳамчунин, сомонаи “hesaelections.extension.harvard.edu”зимни муаррифии Фариддун Назаров аз забони худаш навиштааст, ки бо таъин шудан ба ин мақом мехоҳад дар ҳайати донишҷӯёни Анҷумани донишҷӯёну хатмкардаҳои донишгоҳи Ҳарвард (HESA) саҳм гузорад.

Ӯ гуфтааст, таҷрибаи 12-солаи роҳандозӣ ва мудирият ширкатҳои гуногунро дорад ва маҳз мудирияти молӣ яке аз масъулиятҳои ӯ аст.

Яке аз суханрониҳои Фаридун дар соли 2017 зимни муаррифии яке аз барномаҳои донишгоҳи Ҳарвард дар Донишгоҳи Кембриҷи Масачусетс:

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.