Баъди муддатҳои тӯлонӣ: суҳбати телефонии вазирони хориҷаи Тоҷикистону Туркманистон

Дирӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои туркманаш суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин суҳбат бо ибтикори ҷониби Туркманистон сурат гирифтааст.  "7 июни 2021 бо ташаббуси ҷониби Туркманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини […]

Дирӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои туркманаш суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин суҳбат бо ибтикори ҷониби Туркманистон сурат гирифтааст. 

"7 июни 2021 бо ташаббуси ҷониби Туркманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид",- хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ.

Дар ин суҳбати телефонӣ ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баргузор шудани суҳбатҳои телефонии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар ҳолест, ки наздик ба ду сол мешавад, Туркманистон масири боркашонӣ ба василаи қаламрави худро барои Тоҷикистон бастааст ва ҷониби Тоҷикистон то кунун мегӯяд, ки далели инро намедонад. Ҳоло тоҷирони Тоҷикистон барои кашондани бор масирҳои дигари ғайри Туркманистонро, ки дуртар ҳастанд истӣифода мекунанд.

Аммо дар ин суҳбат сари ин мавзуъ гуфтушунид шудааст ё не, дар хабарномаи ВКХ чизе гуфта намешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.