Банд мондани 440 мусофир дар Хуҷанд: “ҳавопаймо вайрон шудааст”

Ба далели нуқси фаннӣ дар ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" парвозҳои хатсайри “Хуҷанд-Челябинск” ва “Хуҷанд-Барнаул” ба таъхир уфтодаанд. Ҳавопаймои ин ширкат бо 440 мусофир дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд банд мондааст, масъулин мегӯянд таъмир карда истодаанд. Як масъули намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии” бе зикри номаш ба “Азия-Плюс” гуфт ҳавопаймои Airbus дучори нуқси техникӣ шуд ва натавонистанд […]

Ба далели нуқси фаннӣ дар ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" парвозҳои хатсайри “Хуҷанд-Челябинск” ва “Хуҷанд-Барнаул” ба таъхир уфтодаанд. Ҳавопаймои ин ширкат бо 440 мусофир дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд банд мондааст, масъулин мегӯянд таъмир карда истодаанд.

Як масъули намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии” бе зикри номаш ба “Азия-Плюс” гуфт ҳавопаймои Airbus дучори нуқси техникӣ шуд ва натавонистанд соати 10:40-и имрӯз парвоз дар хатсайри “Хуҷанд-Барнаул” ва соати 21:00-и шаби 16-уми июн “Хуҷанд-Челябинск”-ро анҷом диҳанд. Ӯ гуфт дар ин ду хатсайр 440 мусофир буд ва парвози онҳо ба таъхир афтодааст ва ҳоло мутахасссисони онҳо “бо таъмири ҳавопаймо” машғуланд.

Ҳоло дар хатсайри “Хуҷанд-Челябинск” 220 мусофир ва “Хуҷанд-Барнаул” 220 мусофири дигар дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд мунтазир мондаанд. Як масъули баландпояи Фурудгоҳи Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт “ҳавопаймои ширкат вайрон шудааст, ҳоло таъмир карда истодаанд.”

Аммо масъулини Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд мегӯянд, агар як ҳавопаймо вайрон шавад, ҳамаи ҷадвали парвозҳо тағйир мекунад ва бояд баъди таъмири ҳавопаймо ҷадвали нави парвоз ҷорӣ шавад.

Масъулини фурудгоҳ мегӯянд соати 2:30 дақиқаи шаби 17-уми июн ширкати "Уралские авиалинии” парвоз дар хатсайри “Хуҷанд-Самара”-ро низ бо таъхир анҷом дод. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.