Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори сироятёфтагон 18 нафар афзуд

То субҳи 30 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, 13 ҳазору 478 нафарро ташкил медиҳад. Шумори ҳолатҳои нави сироятёбӣ нисбат ба як рӯзи пешин 18 кас бештар аст. Бино ба маълумоти омори расмӣ, теъдоди шифоёфтагон 13 ҳазору 284 нафар ё худ 98,6%-ро ташкил дода, давоми шабонарӯз 13 нафар аз […]

То субҳи 30 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, 13 ҳазору 478 нафарро ташкил медиҳад.

Шумори ҳолатҳои нави сироятёбӣ нисбат ба як рӯзи пешин 18 кас бештар аст. Бино ба маълумоти омори расмӣ, теъдоди шифоёфтагон 13 ҳазору 284 нафар ё худ 98,6%-ро ташкил дода, давоми шабонарӯз 13 нафар аз беморӣ шифо ёфтаанд.

Тибқи омори расмии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори фавтидагон бар асари бемории мазкур бетағйир – 90 нафар боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон эмкунии оммавӣ аз коронавирус ҷараён дошта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз аллакай зиёда аз 205 ҳазор нафар таркиби аввал ва беш аз 18 ҳазор кас – таркиби дуюми  ваксинаро ҳам гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон шаҳрвандон бо ваксинаи AstraZeneca, ки тибқи барномаи Covax ба ҷумҳурӣ оварда шудааст ва CoronaVac-и истеҳсоли Чин эм карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.