Барои табобати Шералӣ Кабир аз хориҷ духтур овардаанд: “вазъаш хуб аст, ду-се рӯз пас ба хона рухсат мешавад”

Барои табобати Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз хорҷи кишвар духтур овардаанд ва ин пизишкон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд. Дар ин бора яке аз наздикони Шералӣ Кабир ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, ки ӯ давраи буҳронии бемориро пушти сар кардааст ва ҳоло вазъаш […]

Asia-Plus

Барои табобати Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз хорҷи кишвар духтур овардаанд ва ин пизишкон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд. Дар ин бора яке аз наздикони Шералӣ Кабир ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, ки ӯ давраи буҳронии бемориро пушти сар кардааст ва ҳоло вазъаш хуб асту ба саломатияш таҳдиди ҷиддие нест. 

"Худоро шукр, ҳамин шабу рӯз вазъаш хубтар шудааст. Давраи буҳронии бемориро пушти сар кард, иншоаллоҳ ду-се рӯз пас ба хона рухсат мешаванд",- гуфт ин манбаъ.

Бояд гуфт, ки Шералӣ Кабир  беш аз ду ҳафта мешавад, ки бо бемории "илтиҳоби шуши дутарафа" гирифтор шудааст ва дар беморхонаи маъруф ба "Клиникаи Мансуров" ё  Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологиии Тоҷикистон муолиҷа мешавад.

Ба гуфтаи наздиконаш ӯ як давраи буҳронии бемориро пушти сар кард ва чанд рӯз зери дастгоҳи нафасдиҳии маснуӣ қарор дошт, ки рӯзи 1-уми июл аз зери ин дастгоҳ берун омадааст. 

Шералӣ Кабир, яке аз тоҷирони муваффақ, ки то моҳи ноябри имсол раиси Шӯрои мудирони Корхонаи алюминийи тоҷик/Талко буд, бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон вориди кобинаи нави ҳукумат шуд ва вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шуд. 

Ин тоҷир ва акнун вазири маъруфи тоҷик зодаи соли 1971 дар Дарвоз буда, Донишкадаи савдо ва кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст. Доктори илми иқтисод мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.