Нархи сигор дар Тоҷикистон то 50 дар сад боло рафт

Харидорон дар Душанбе ба зиёд болоравии нархи сигарет – аз 36% то 50% барои як қуттӣ дар мағозаҳо шикоят мекунанд. Имрӯз дар мағозаҳои гуногуни кишвар қуттии Esse change то 20 сомонӣ (қаблан 15 сомонӣ нарх дошт), Esse – 17-18 сомонӣ (14-15 сомонӣ),  Senator – 11 сомонӣ (9 сомонӣ), Winston – 14-15 сомонӣ (10-11 сомонӣ), Rossa […]

Харидорон дар Душанбе ба зиёд болоравии нархи сигарет – аз 36% то 50% барои як қуттӣ дар мағозаҳо шикоят мекунанд.

Имрӯз дар мағозаҳои гуногуни кишвар қуттии Esse change то 20 сомонӣ (қаблан 15 сомонӣ нарх дошт), Esse – 17-18 сомонӣ (14-15 сомонӣ),  Senator – 11 сомонӣ (9 сомонӣ), Winston – 14-15 сомонӣ (10-11 сомонӣ), Rossa – 12 сомонӣ (9-10 сомонӣ), LD slim – 15 сомонӣ (аз 10-11 сомонӣ), Kent – 12-14 сомонӣ (10-11 сомонӣ) нарх доранд.

“Намояндагони ширкати таҳвилгари сигаретҳо ба мо хабар доданд, ки дар робита ба болоравии аксиз, нархи он ба андозаи 36-40% зиёд мешавад. Баъзе навъҳоро аллакай бо нархи нав фурӯхта истодаем. Таҳвилгарони дигар дар бобати болоравии нарх аз рӯзи душанбе мегӯянд”, – изҳор дошт Абдулло, фурӯшандаи яке аз мағозаҳои пойтахт.

Бино ба гуфтаи ӯ, чанде аз навъҳои сигарет ҳоло ҳам бо нархи кӯҳна фурӯхта мешаванд.

“Давоми ҳафтаи минбаъда, вақте ки захираҳо ба охир расиданд, ба дигар навъҳо ҳам нархи нав гузошта мешавад", – гуфт ӯ.

Бо қарори ҳукумат дар Тоҷикистон меъёри аксиз ба сигарете, ки дар таркибаш тамоку (табак)-у филтр дорад ва тамокудору бефилтр аст, аз 9,8 евро то ба 19 евро барои 1000 донааш боло бурда шуд.

Тибқи қарори дигар, меъёри боҷи воридотии гумрукӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку, аз ҷумла «сигар, сигарҳо бо охирҳои буридашуда, сигарилла ва сигаретҳо аз табак ё ивазкунандаҳои саноатии он» – аз 23% то 46% зиёд карда шуданд.

Дар ҳукумат роҳандозии чунин тадбирҳоро ба мубориза бо тамокукашӣ ва ғамхорӣ нисбат ба солимии аҳолӣ рабт медиҳанд. Ҳар ду қарор ҳам аз дирӯз – 7 июл мавриди амал қарор гирифтанд.

Маводи муфассал дар ин хусус бо шарҳи коршиносон, чӣ қадар қимат шудани сигаретҳо, кадом навъҳо бештар гарон шуданашон ва таъсири он ба бозори тамокуи Тоҷикистон дар маводи зерини мо «Сигареты подорожают, контрабанда вырастет» қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.