Баъди 9 рӯзи марги Фарида Мансурова, ҳамсараш ҳам даргузашт

Ғанихон Тӯраев, сарҳанг (полковник)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва шавҳари профессор Фарида Мансурова, ҳам пас 9 рӯзи фавти ҳамсараш дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикони пайвандони эшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд. Ғанихон Тӯраев асри шоми 11 июл, дар сини 69-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздикон ӯ марги 9 рӯзи пеши ҳамсарашро дигар таҳаммул карда натавонист ва бар […]

Asia-Plus

Ғанихон Тӯраев, сарҳанг (полковник)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва шавҳари профессор Фарида Мансурова, ҳам пас 9 рӯзи фавти ҳамсараш дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикони пайвандони эшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Ғанихон Тӯраев асри шоми 11 июл, дар сини 69-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздикон ӯ марги 9 рӯзи пеши ҳамсарашро дигар таҳаммул карда натавонист ва бар асари сактаи мағзӣ (инсулт) даргузашт.

Ҳамсари ӯ профессор Фарида Мансурова, духтари табиби маъруфи тоҷик, академик Ҳомид Мансуров рӯзи 2-юми июл бар асари мубталло шудан ба бемории коронавирус даргузашта буд. 

Маросими намози ҷанозаи сарҳанг Ғанихон Тӯраев соати 11:30 имрӯз, дар пеши хонаашон дар маҳаллаи мавсум ба "Дом-Печат" доир мешавад ва ӯро дар гӯристони Сари  Осиё ба хок месупоранд.

Аз сарҳанг Ғанихон Тӯраев як низомии ҳирфаӣ ном мебурданд, ки солиёни зиёде сардори Раёсати неруҳои муҳандисии Вазорати мудофии Тоҷикистон кор кардааст ва унвони шахси аввали ниҳоди минаёбии вазорати дифоъ аз таркишҳои зиёде пешгирӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки зери раҳбарии ӯ дар Душанбе ҳатто аз таркишҳое пешгирӣ шудааст, ки ҳаводиси террористӣ буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.