НЕРӮИ ЗАН #7 | Нигина Икромӣ: ҳунарҳои мардумӣ ва бизнес, сексизм ва ирода

18-сола ӯро ба шавҳар доданд. Пас аз 7 моҳ оила барҳам хурд. Вале Нигина гила аз волидайни худу он писар надорад: “Бо хости калонҳо оила барпо кардем, ва бо хоҳиши онҳо чудо шудем”. Пас аз ин духтари панҷакентӣ роҳ пеш гирифт ба пойтахт, ба амалигардонии мақсаду армонҳо. Ва ин ҳам танҳо пас аз розигӣ гирифтан […]

18-сола ӯро ба шавҳар доданд. Пас аз 7 моҳ оила барҳам хурд. Вале Нигина гила аз волидайни худу он писар надорад: “Бо хости калонҳо оила барпо кардем, ва бо хоҳиши онҳо чудо шудем”.

Пас аз ин духтари панҷакентӣ роҳ пеш гирифт ба пойтахт, ба амалигардонии мақсаду армонҳо. Ва ин ҳам танҳо пас аз розигӣ гирифтан аз падар.

Ва ӯ тавонист. Бо гузашти 15 сол Нигина Икромиро ҳамчун мутухассиси барҷаста дар соҳаи сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ мешиносанд.

Хатмкардаи Донишкадаи Сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо дипломи сурх, хатмкардаи барномаҳои мухталиф дар ИМА, узви Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузори назди президенти Тоҷикистон, ӯ роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Рушди эҷодии Тоҷикистон» ва ҳамзамон роҳбари корхонаи «Деҳаи Гулзар» – макони ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Ин дам бошад мо кӯшиш кардем, то бифаҳмем, чӣ гуна ин духтар тавонист нашиканад, балки қавитар шаваду ба ин сатҳ бирасад!

Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Asia-Plus барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.