Дар Ваҳдат набераи ноболиғ бобояшро лату кӯб кард

Дар аризаи худ ба Шуъбаи ВКД-и шаҳри Ваҳдат сокини 65-солаи маҳаллӣ изҳор намудааст, ки аз ҷониби набераи 16-солааш мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ бар асари ин ҳодисаи рӯзи 24 июл ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Дар хабари дигари Вазорати гуфта мешавад, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба гумони […]

Дар аризаи худ ба Шуъбаи ВКД-и шаҳри Ваҳдат сокини 65-солаи маҳаллӣ изҳор намудааст, ки аз ҷониби набераи 16-солааш мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ бар асари ин ҳодисаи рӯзи 24 июл ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар хабари дигари Вазорати гуфта мешавад, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба гумони даст доштан дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки ба марг оварда расонидааст, боздошт шудааст.

Ин мард рӯзи 3 август зимни мунқишаи оилавӣ ҳамсари 29-солаи худро лату кӯб кардааст, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар ҷойи ҳодиса  ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.