Ҳалокати 1 нафар дар натиҷаи суқути чархбол дар Ванҷ

Як чархболи тамғаи МИ-8 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи 4 августи соли равон дар ҳайати 5 нафар барои наҷоти сайёҳони рус рафта буд, ба садама дучор шудааст. Дар ин бора, як манбаъ ба “Азия плюс” хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа, як нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Гуфта […]

Як чархболи тамғаи МИ-8 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи 4 августи соли равон дар ҳайати 5 нафар барои наҷоти сайёҳони рус рафта буд, ба садама дучор шудааст. Дар ин бора, як манбаъ ба “Азия плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа, як нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Гуфта мешавад, ки чархболи тамғаи МИ-8 тахминан соатҳои 12:10-и рӯзи 4 август аз хатсайри ҳавоӣ нопадид гашта, дар деҳаи Пои Мазори ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ-и ВМКБ, ҳангоми фурудоӣ дар пиряхи Хирсон, дараи Абдулқаҳор ба садама дучор шудааст.

Сабабҳои ба садама дучор гардидани чархбол таҳқиқ мешаванд.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита чунин изҳор дошт: “Чархобли посбонии марзӣ парвоз кард, дигар чизе дар ин бора намедонем, пайи таҳқиқи он ҳастем”.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.