Президенти Академияи илмҳо: “Эмомалӣ Раҳмон фарзанди кулли инсоният ва ҷаҳон аст”

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар як мақола, ки онро хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст, баъди қадрдонӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон дар Туркманистон, навиштааст, ки "Эмомалӣ Раҳмон фарзанди кулли инсоният ва ҷаҳон аст". Академик Раҳимӣ, ин мақоларо дар ҳошияи тақдими «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ба Эмомалӣ Раҳмон дар Дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ […]

Парвинаи Зуришо, Asia-Plus

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар як мақола, ки онро хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст, баъди қадрдонӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон дар Туркманистон, навиштааст, ки "Эмомалӣ Раҳмон фарзанди кулли инсоният ва ҷаҳон аст".

Академик Раҳимӣ, ин мақоларо дар ҳошияи тақдими «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ба Эмомалӣ Раҳмон дар Дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошии Туркманистон навиштааст.

"Имрӯз бо шунидани ин хабар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз хурсандӣ меболад, ифтихор аз Пешвои худ мекунад, ки воқеан дар ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати моро ҷаҳониён қадр мекунанд, садояшро мешунаванд, ибитикороташро таҳсин карда, роҳандозӣ менамоянд ва Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди кулли инсоният ва ҷаҳон аст",-навиштааст Фарҳод Раҳимӣ.

Ба иддаои Раҳимӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар нигоҳе шоистаи ин унвон буд. "Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ сазовор донистани мукофоти аввалини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ воқеан ҳам нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сиёсӣ, инсоне, ки имрӯз на танҳо дар ҳалли мушкилоти кишвари худ, балки дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимму мушкили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзад, садо баланд мекунад, махсусан, дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд менамояд, арзёбӣ мешавад".

Баъди тақдими ин нишон, академик Раҳимӣ аз мардуми Тоҷикистон даъват кардааст, ки "мо ва мардуми моро мебояд, ки боз ҳам аз пештара дида бештар ба қадри заҳматҳои ин марди бузург расем ва шахсияти фавқулодаи ӯро эътироф намоем. Ин абармард бо забони ширини тоҷикӣ бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз соли 1993 суханронӣ карда, ба бештар аз 200 кишвари ҷаҳон забони моро муаррифӣ намуд. Сулҳу ваҳдатро пойдор, кишварро амну обод, миллатро сарҷамъ намуд, таърихи пурифтихори моро эҳё карда, мактабу илму маорифро рушд дод ва тавассути заҳматҳои сангин, кору фаъолияти шабонарӯзии тавъам бо ҷонфидоиҳову азхудгузаштанҳо ва ибтикороти созандаву бунёдкорона давлати тоҷиконро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазиру пешрафта гардонид".

Дар идомаи ин мақолаи худ, Раҳимӣ ба тафсири хидматҳои анҷомдодаи Эмомалӣ Раҳмон барои давраи навини Тоҷикистон мепардозад ва чунин хулоса мекунад:

"Зимнан ёдоварӣ мебояд, ки маросими дар ҳалқаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон супурдани мукофоти олии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» бо ҷомаи сурхи инъом аз қаъри асрҳо садои ифтихори устод Рӯдакиро дар гӯши ҷони пиру ҷавони мамлакат бори дигар танинандоз мекунад:

Бузургони ҷаҳон чун гардбанданд,
Ту чун ёқути сурх андар миёна".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.