Боздошти муовини декани яке аз коллеҷҳои пойтахт ҳангоми порагирӣ

Муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Комрон Қурбонов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилоии маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, барои аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе гузаронидан ӯ аз шаҳрванд 4 ҳазор […]

Муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Комрон Қурбонов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилоии маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, барои аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе гузаронидан ӯ аз шаҳрванд 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Гуфта мешавад, Комрон Қурбонов баъди бевосита аз шаҳрванд гирифтани маблағи 4 ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса боздошт ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар сурати исботи гуноҳ ӯ ба муддати то 5 сол равонаи зиндон шуда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...