Сабти шумори рекордии фавт аз COVID-19 дар Эрон

Шумори фавт аз пандемияи коронавирус дар Эрон то 94 ҳазору 15 ҳолат афзуд. Дар ҳамин ҳол тайи 24 соати ахир 542 нафар шаҳрвандони ин кишвар бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд, хабар медиҳад ИРНА бо истинод ба Вазорати тандурустии Эрон. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар Эрон дар тамоми муддати давраи пандемия мебошад. Дар Вазорат изҳор доштаанд, […]

Шумори фавт аз пандемияи коронавирус дар Эрон то 94 ҳазору 15 ҳолат афзуд. Дар ҳамин ҳол тайи 24 соати ахир 542 нафар шаҳрвандони ин кишвар бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд, хабар медиҳад ИРНА бо истинод ба Вазорати тандурустии Эрон.

Ин нишондиҳандаи баландтарин дар Эрон дар тамоми муддати давраи пандемия мебошад.

Дар Вазорат изҳор доштаанд, ки тайи 24 соати ахир инчунин 39 ҳазору 619 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 4 ҳазору 102 кас бистарӣ шудаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Эрон, аз 4 млн 158 ҳазору 729 нафар сироятёфтагон 3 млн 539 ҳазору 36 нафар шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, тақрибан 6 ҳазору 462 нафар бемори COVID-19 дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳо дар ҳолати хеле вазнин қарор доранд.

Вазорат инчунин маълумот додааст, ки айни замон 12 млн 589 ҳазору 587 шаҳрвандони Эрон воя (доза)-и аввал ва 3 млн 72 ҳазору 371 нафар вояи дуюми ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.